Тазкирату-ш-шуаро (Мутрибӣ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Тазкирату-ш-шуаро» (форсӣ: تذكرة الشعراء‎) — тазкираи Мутрибии Самарқандӣ, ки соли 1605 таълиф шудааст.

«Тазкирату-ш-шуаро» дар бораи 350 шоиру нависанда, олиму фозил ва мухлиси адабиёту санъат, ки дар нимаи дуюми асри 16 ва аввали асри 17 дар Самарқанду Бухоро зиндагӣ ва эҷод кардаанд, маълумот медиҳад. Шоирон дар ин асар мувофиқи тартиби абҷад, аз рӯи исму тахаллусашон ҷой дода шудаанд. Оид ба ҷараёни зиядагӣ ва мероси адабии Ҳасанхоҷаи Нисарӣ, Мушфиқи, Анҷумӣ, Ишқӣ, Аршӣ, Фонн, Шӯхӣ, Қадрии Насафӣ, Лаълии Бадахши ва дигарон дар «Тазкирату-ш-шуаро» маълумоти тоза оварда шудааст. Мутрибӣ доир ба тарҷумаи ҳол ва фаъолияти эҷодии шоирони машҳур нисбатан муфассал сухан ронда, намунаи ашъори онҳоро зиёдтар овардааст. Дар бораи шоирони номашҳур маълумот мухтасар буда, мероси онҳо камтар зикр шудааст. Ашъори баъзе шоирон мавриди танқид қарор гирифта, намунаҳои хуб таъриф, шеърҳои аз ҳайси бадеият паст танқид шудааст. «Тазкирату-ш-шуаро» барои омӯзиши муҳити адабии ҳамон замон, равобити адабии доираҳои Мовароуннаҳр бо шоирону олимоли доираҳои адабии Хуросон, Ҳиндустон, Озарбойҷон, Афғонистон, Эрон, Ироқ, равшан кардани таъсири мутақобили адабиёти ин кишварҳо, ширкати аҳли меҳнату ҳунар дар ҳаёти адабӣ, ҷараёну равияҳо, жанрҳои адабӣ ва ғайра сарчатмаи пурарзиш мебошад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Тазкирату-ш-шуаро / У. Назиров // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).
  • Назиров У., Мутрибии Самарқандӣ, «Мактаби советӣ», 1973.