Тарҷумону-л-балоға

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Тарҷумону-л-балоға» (форсӣ: ترجمان البلاغة‎) — асари Муҳаммад ибни Умари Родуёнӣ, ки солҳои 80-уми асри 11 таълиф шудааст.

Қадимтарин асарест дар бораи санъатҳои бадеӣ, ки то имрӯз боқӣ мондааст. Манбаи он асари Марғинонӣ «Маҳосину-л-калом» (ба забони арабӣ) буд. Муаллиф истилоҳоти доир ба санъатҳои бадеиро ба забони форсии дарӣ гардонда, онҳоро бо гуфтори устодони шеъри форсӣ тасдиқ менамояд. Бо ин роҳ Родуёнӣ санъатҳои шеъри форсӣ-тоҷикиро тадқиқ карда, анвои онро муайян намуд. Аз ин ҷиҳат «Тарҷумону-л-балоға» барои таърихи поэтикаи шеъри тоҷикӣ қимати баланд дорад. Инчунин муаллиф зимни шарҳи санъатҳои бадеӣ дар боби қонуниятҳои гуногуни шеъри форсӣ-тоҷикӣ мулоҳизаҳои судманди назарӣ баён кардааст. Дар «Тарҷумону-л-балоға» 22 санъати шеърӣ шарҳ ёфтааст, ки ҳар яке аз онҳо фасли алоҳидаи китобро ташкил додаанд. Дар «Тарҷумону-л-балоға» аввал тарҷумаи истилоҳ ба забони форсӣ, пас таъриф ва ниҳоят мулоҳизаҳои назарии муаллиф баён гардидааст. «Тарҷумону-л-балоға» манбаи гаронбаҳои адабист, ки барои омӯхтани эҷодиёти шоирон ва хусусиятҳои шеъри асрҳои 10—11 мадади калон мерасонад. Дар «Тарҷумону-л-балоға» зиёда аз 45 шоир номбар шудаанд, ки ному насаб ва намунаи шеъри қисме аз онҳо танҳо ба василаи ҳамин китоб маълум гардид. «Тарҷумону-л-балоға» дар инкишофи баъдинаи тадқиқи санъатҳои бадей роли муайян бозид. Аз ҷумла, асари Рашидуддини Ватвот «Ҳадоиқу-с-сеҳр фӣ дақоиқи шеър» (асри 12) дар ҷавоби он таълиф ёфтааст. «Тарҷумону-л-балоға» соли 1949 аа тарафи донишманди турк — Аҳмади Оташ бо муқаддимаи муфассале ба табъ расид. Бори дуюм соли 1961 дар Теҳрон нашр шудааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Тарҷумону-л-балоғат / Х. Шарифов // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).