Теппаи Пирмуҳаммад

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Теппаи Пирмуҳаммад — теппа, ёдгории бостонии мансуб ба давраи атиқа, ки дар канори ҷанубу шарқии деҳаи Шаҳристони ноҳияи Истаравшани вилояти Суғд воқеъ аст.

Ҳафриёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар он гурӯҳи қабрҳои аввали милод ва асрҳои 10—12 ёфт шудаанд. Солҳои 1956—1958 омӯхта шудааст. Дар қабрҳои асрҳои 1—2, ки аз чуқуриҳои одди иборатанд, ғаир аз скелет зарфҳои сафолӣ, яроқ, асбоби ороиши занона ёфт шуд. Қабрҳои асрҳои 10—12 ғайр аз скелет ашё надоранд, деворҳои онҳо бо хишти хом рӯйкаш шудаанд. Ин гуна шакли қабр ба аввали давраи паҳншавии ислом дар ноҳияҳои кӯҳии Истаравшан хос буд. Санаи ин қабрҳоро як тангаи қарахонии Муҳаммад ибни Алӣ, ки солҳои 1023—1024 дар шаҳри Узганд сикка зада шудааст, муайян мекунад. Бозёфтҳои теппаи Пирмуҳаммад барои омӯхтани маданият ва урфу одати бодиянишиноне, ки дар ҳудуди Истаравшан ба ҳаёти муқимӣ мегузаштанд, аҳамият дорад. Ҳамаи дафншудагон ба нажоди европои тааллуқ доранд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Негматов Н. Н., Салтовская В. Ц., Кияткина Т. П.. Изучение погребальных памятников кочевников на территории Уструшаны. Археологические работы в Таджикистане, в. С (1958 год), «Тр. ИИ АН Таджикской ССР», том 27, Сталинабад, 1961.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]