Тими миллии футболи Англия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Тими миллии футболи Англия
Логотип
Лақаб The Three Lions
Сармураббӣ
Капитан Ҳарри Кейн[d]
Варзишгоҳи  хонагӣ Wembley Stadium[d]
Коди ФИФА ENG
Форма
Либоси
аввал
Форма
Либоси
дуввум

Тими миллии Англия Дар ибтидо англисҳо дар чемпионати ҷаҳон иштирок намекарданд. Онҳо бо франсузҳо, немисҳо ва америкоиҳо бозӣ карданро ба худ раво намедиданд. Бори аввал тими Англия ба чемпионати ҷаҳон , ки соли 1950 дар Бразилия баргузор гардид, иштирок намуд. Баъд соли 1954 чемпионат дар Швейсария шуда гузашт, ки дастаи футболи англисҳо то чорякфинал баромада, бо дастаи Уругвай мубориза намуданд ва мағлуб гаштанд.

Солҳои 1958 ва 1962 дар бозиҳои чемпионат иштирок намуда, онҳоро бе муваффақият анҷом доданд.

Соли 1966 бо қарори FIFA чемпионати ҷаҳон дар Англия баргузор гардид, ки дар ин ҷо тими миллии Англия бори нахустин чемпиони ҷаҳон мегардад.

Дар чемпионати соли 1974 англисҳо натавонистанд, ки иштирок кунанд.

Соли 1982 чемпионати ҷаҳон дар Испания баргузор мегардад ва англисҳо бо франсузҳо бози мекунанд. Дар ин бозӣ бозингари тими Англия Брайн Робсон дар 27-ум сонияи бозӣ ба дарвозаи франсузҳо гол мезанад , ки ин аз ҳамма голи зудзадашуда дар таърихи чемпионатҳо мебошад.

Соли 1982 Англия бо дастаи Аргентина во мехӯрад. Ин бозӣ пуршиддат мегузарад.

Солҳои 1990, 1994, 1996 барои тими Англия бемуввафақият буд.

Соли 2002 англисҳо нисбатан худро хуб нишон доданд, вале аз дастаи Бразилия шикаст хӯрданд.

Ҳайати тими миллии Англия дар чемпионати ҷаҳон оид ба футбол-Ҷопон/Корея 2002

Дарвозабонҳо: Дэвид Симен ("Арсенал"), Найҷел Мартин ("Лидс"), Дэвид Ҷеймс ("Вест хэм"). Ҳимоягарон: Сол Кэмпбелл, Эшли Коул, Мартин Киоун ("Арсенал"), Гарет Саутгейт ("Миддлсбро"), Дэнни Миллс ("Лидс"), Уэйн Бриҷ ("Саутгемптон"), Уэз Браун ("Манчестер юнайтед"), Рио Фердинанд ("Лидс"). Нимҳимоягарон: Дэвид Бекхэм, Пол Скоулс, Ники Батт ("Манчестер юнайтед"), Стивен Ҷеррард ("Ливерпул"), Ҷо Коул ("Вест хэм"), Кирон Дайер ("Нюкасл"), Оуэн Харгривс ("Бавария", Мюнхен). Ҳуҷумкунандагон: Майкл Оуэн, Эмил Хескӣ ("Ливерпул"), Роббӣ Фаулер ("Лидс), Теддӣ Шерингем ("Тоттенхем"), Дариус Васселл ("Астон вилла").

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]


  1. Transfermarkt.com(бис.) — 2000.