Турдии Қонунии Самарқандӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Турдии Қонунии Самарқандӣ

Турдии Қонунии Самарқандӣ, Устод Турдии Қонунӣ (1520, Самарқанд — 1587, Самарқанд) — мусиқидон, навозанда, оҳангсоз ва шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Санъати шеър, адаб ва мусиқиро аз падараш фаро гирифт. Қонун, қобуз ва дигар созҳои мусиқиро назди Хоҷа Абдусаттор, Хоҷа Ҷаъфари Қонунии Самарқандӣ ва диг. омӯхта, дар қобузу қонуннавозӣ шӯҳрати зиёд касб намуд. Дар санъати шеър (рубоӣ, ғазал) собиқаи хуби эҷодӣ дошта, муддате назди Абдурраҳмони Мушфиқӣ дарс андӯхта, ба ашъори ӯ «савт», «тарона», «нақш», «рехта», «куллиёт»-ҳои гуногунмавзӯъ сохтааст. Т.Қ. инчунин ба даҳ дубайтии Кавкабии Бухороӣ (вай.1535) оҳанг баста, «Нақши Наво» (бар усули мақоми «Наво»), «Савти Рост», «Куллиёти Рост» (тазмин ба "Куллиёти Кавкабӣ), «Нақши дили пора» (ба мақоми «Исфаҳон»), «Амали Сегоҳ» (ба ғаз. Мушфиқӣ) ва ғ. тасниф карда, ин осори мусиқиаш дар ҳавзаҳои ҳунарии Самарқанд, Бухоро, Марв, Миёнколот шӯҳрати зиёд дошта, шеърро (ғазалу рубоӣ) бо тахаллуси Қонунӣ некӯ мегуфт.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Донишномаи Шашмақом. / Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Душанбе, 2009. — ISBN 978-99947-49-13-3