Туршак

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Туршак

Туршак (Rumex acetosa), ҳуммоз, як навъ гиёҳи бисёрсолаест, ки то 80 см қад мекашад. Баргҳояш пайконшакл ё найзамонанд (баргҳои бехи пояаш думчадароз, баргҳои қисми болотари поя думчакӯтоҳ ё бедумча). Гулаш сурхтоб ё сабз. «Чормағзак»-аш сеқирраи бӯрранг.

Туршак дар бисёр кишварҳо тарраи маъмул аст. Онро аз тухмаш мерӯёнанд (дар як ҷой якчанд сол месабзад). Туршакро ба замини сернами ҳосилхез мекоранд. Тирамоҳ ба замин пору меандозанд. Агар тухми онро аввали баҳор коранд, баъди 3 моҳ (агар тобистон кишт кунанд, баҳори соли оянда) ҳосил (барг) мегиранд. Туршакро чун хӯриш ва дар таом истеъмол мекунанд. Баргаш сервитамин (то 115 мг% витамини С ва 8 мг% каротин, инчунин витамини В1) аст.

Хусусияти давоии Туршак аз қадим маълум аст. Абӯалии Сино шираи ҳуммозро чун заҳрарон, бехашро барои майда кардани санги гурда, тухмашро ҳангоми табобати захми меъда, исҳоли куҳан ва ғ. истифода бурдааст. Муҳаммад Ҳусайн дар «Махзану-л-адвия» (с. таълиф 1776) оид ба Туршак навиштааст, ки «Мазмаза ба усораи он (яъне бо ширааш даҳонро чайқонидан) ҷиҳати таскини дарди дандон ва ҷароҳати даҳон нафъовар. Ҷиҳати ярақон, тақвияти ҷигар, илтиҳоб… ва рафъи саммияти (заҳри) ақрабгазида нофеъ. Ва пухтаи он табъро нарм кунад ва ҷиҳати он муфид… Зимоди сумоқ хӯрдани он муфид… Зимоди пухтаи он бо шароб ҷиҳати ханозир ва варамҳои баногӯш ва ҷараб ва барас ва қубо…». Сайид Субҳонқулии Муҳаммад Баҳодурхон дар «Эҳё-ут-тибб» (соли китобат 1691) гуфтааст: «…агар як мисол бехи вай (ҳуммоз) бикӯбанд ва бо рубоъи себ бисиришанд ва бинӯшанд реши рӯда ва исҳолро нофеъ бувад».

Туршаки худрӯй низ хусусияти шифобахшӣ дорад. Дар амалияи тиб бо нақеъ ва қиёми бехаш (B. confertus) шахсони гирифтори коллит ва энтероколитро табобат мекунанд. Решаву решапояи Туршакро, ки 6 – 20% моддаҳои даббоғӣ доранд, барои ош додани пӯст истифода мебаранд.



Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Мунтахаб аз рисола ва луғатҳои тибби қадим, Д., 1971; Вехов В. Н. (ва диг.), Культурные растения СССР, М., 1978.