Умедии Теҳронӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Умедии Теҳронӣ
Таърихи таваллуд: 1460
Таърихи даргузашт: 1519
Навъи фаъолият: пизишк, шоир

Аллома Саъдуддин Умедии Розии Теҳронӣ (форсӣ: علامه سعدالدین امیدی رازی تهرانی‎; 14601519) — фаласуф, шоир, нависанда, ориф, фақеҳ ва пизишки форс-тоҷик, аз шогирдони Ҷалолуддини Давонӣ.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар овони ҷавонӣ ба Шероз рафта, шогирди Ҷалолуддини Давонӣ шуд. Умедии Теҳронӣ дар муддати кӯтоҳ тамоми илмҳои расмии замонашро омӯхта, ба якчанд шаҳрҳои Эрону Хуросон сафар кардааст. Девони ашъораш тақрибан 1500 байт (18 қасида, 24 қитьа, 22 рубоӣ, 3 ғазал ва 1 соқинома)-ро дар бар мегирад[1].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Умедии Теҳронӣ / С. Алиев // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).