Усмоналӣ Усмонзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Усмоналӣ Усмонзода
Усмоналӣ Юнусалӣ Усмонзода
парчам
Муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 ноябри соли 2020

Касб ходими давлатӣ
Ҷоизаҳо ордени Шараф дараҷаи II (2016), унвони фахрии «Энергетики хизматнишондодаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил»

Усмоналӣ Юнусалӣ Усмонзода (Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ, тав. 13 сентябри соли 1959) — ходими давлатӣ ва сиёсии тоҷик. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон. Номзади илмҳои техникӣ, дотсент.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Усмоналӣ Юнусалӣ Усмонзода 13 сентябри соли 1959 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, таҳсилот олӣ. Соли 1982 Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-барқчӣ ва соли 1988 Аспирантураи Донишкадаи энергетикии шаҳри Москваро хатм кардааст. Номзади илмҳои техникӣ мебошад. Фаъолияти меҳнатиашро моҳи ноябри соли 1982 ба ҳайси муҳандиси кафедраи «Автоматика ва мошинҳои ҳисоббарор»-ии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон шурӯъ намуда, баъди хатми Аспирантура, дар давоми солҳои 1989-1996 дар вазифаҳои ассистент, муаллими калон, дотсенти кафедра, муовини декани факултаи энергетикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои 1997-2001 дар мансаби директори назорати давлатии барқи ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, муовини директори генералии назорати давлатии барқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2001-2003 сардори департаменти сиёсати энергетикии Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 2003 муовини директори Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика» фаъолият доштааст.

  • Аз соли 2009 то соли 2013 дар мансаби Директори иҷроияи Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика» кор кардааст.
  • Солҳои 2013-2020 дар мансаби Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
  • Солҳои 2014-2020 Ноиби Президенти Шӯрои электроэнергетикии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 2020 Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.[1]

Мукофот ва ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 2012 бо ордени Шараф дараҷаи II ва соли 2016 бо унвони фахрии «Энергетики хизматнишондодаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» сарфароз гардидааст.[2]

Инчунин нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. [http://www.president.tj/node/6339 УСМОНЗОДА Усмонали Юнусали Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон](тоҷ.). www.president.tj (3 ноябри 2020). 15 Декабри 2023 санҷида шуд.
  2. [http://www.president.tj/node/6339 УСМОНЗОДА Усмонали Юнусали Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон](тоҷ.). www.president.tj (3 ноябри 2020). 15 Декабри 2023 санҷида шуд.