Уқёнусшиносӣ
Аз Википедиа
Уқёнусшиносӣ илмест, ки таъсири ҳамдигари уқёнус ва муҳити атрофро, бо назардошти гардиши тағирёбандаи он, мубодилаи кимиёвии уқёнус бо материкҳо, ҳаво ва қаър, организмҳои зинда ва таъсири муҳитии он, таркиби геологии қаъри уқёнус, равандҳои гуногуни маҳалие, ки аз ҳисоби мубодилаи энергия ва мавод байни қисмҳои гуногуни уқёнус амали мегарданд, меомӯзад. Уқёнусшиносӣ, аз рӯи мазмун, гурӯҳи илмҳоест, ки равандҳои физикавӣ, кимиёвӣ ва биологие, ки дар он, дар сатҳои гуногун мегузаранд, меомӯзад.
[вироиш] Қисмҳои уқёнусшиносӣ
Уқёнусшиносиро ба ҳафт қисми мазкур тақсим кардан мумкин аст:
- биологияи уқёнус растаниҳо ва ҳайвоноти уқёнусҳоро ва таъсири ҳамдигарии экологии онҳоро меомӯзад.
- Геологияи баҳрӣ ва ё уқёнусшиносии геологӣ, геология ва захираҳои минералии қаъри уқёнусро, инчунин тектоникаи лавҳавиро меомӯзад.
- Таъсири ҳамдигари уқёнус ва муҳити атроф
- Уқёнусшиносии физикавӣ, хосиятҳои физикавии оби баҳрҳоро, равандҳои динамикиро ва таркиби обро дар уқёнус меомӯзад.
- Уқёнусшиносии техникӣ, таҷҳизоте, ки дар уқёнусшиносӣ истифода мебаранд ва тарзи истифодаи он дар экспедитсияҳои илмӣ омӯхта, таъмири онро таъмин менамояд.
- Уқёнусшиносии саноатӣ, илми амалӣ буда, тарзи истифодаи ҳадафноки саноатии имконоти уқёнусҳоро меомӯзад.