Jump to content

Фавқии Яздӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Фавқии Яздӣ

Фавқуддин Аҳмад Фавқии Яздӣ (форсӣ: فوق‌الدین احمد فوقی یزدی[1]; қарни XVII) — шоир ва адиби форс-то­ҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар шаҳри Тафти наздикии Язд ба дунё омадааст. Дар ҳаҷв ҳунари баланд дошт. Куллиёти шоир, ки ду нусхаи он дар Эрон маҳфуз аст, асарҳон зайлро дар бар мегирад: дебочаи насрӣ, «Нағамот», достони «Фарҳод ва Ширин», «Соқинома», қасоид ва тарҷеъбандҳо, «Муноҷотнома», ғазалиёт, рубоиёти ҳаҷвӣ ва рисолаи «Сӣ ганҷ».

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. فوق‌الدین احمد فوقی یزدی. ویستا. 22 май 2024 санҷида шуд.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Фавқии Яздӣ / С. Асадуллоев // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).