Фазлуддин Муҳаммад ибни Қивом

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Фазлуддин Муҳаммад ибни Қивом

Фазлуддин Муҳаммад ибни Қивом ибни Рустам ибни Маҳмуди Балхӣ (? — қарни XIV) — забоншинос ва луғатнигори форсизабони Ҳиндустон.

Таълифот[вироиш | вироиши манбаъ]

Фарҳанги «Баҳру-л-фазоил фӣ манофеъи-л-афозил» (таълифаш тақрибан 1393) яке аз таълифоти ӯст, ки ба қатори қадимтарин фарҳангҳои форсӣ-тоҷикӣ дохил мешавад. Тартиби ҷойгиршавии калимаҳои фарҳанг мутобиқи ҳарфҳои аввалу дуввуми онҳост. Дар фарханг калимаҳои соддаи арабӣ мухтасаран (бо як ё ду калима) шарҳ ёфтаанд. Дар боби охирини он калимаҳои ҳиндӣ чой дода шудаанд. Нусхаи дастнависи асари Фазлуддин дар китобхонаи Осафияи Ҳайдарободи Дакан (асри рақами 870) маҳфуз аст. Шарҳи «Махзану-л-асрор» ва «Искандарнома» (асарҳои Низомии Ганҷавӣ) ба қалами ӯ тааллуқ дорад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Фазлуддин / А. Нуров // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).