Фарғониён

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Фарғониён

Фарғонагиҳо — номи халқияти қадими эронизабони вилояти таърихии Фарғона, аҷдоди бевоситаи тоҷикон.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Таърихи ташаккули Фарғона ба якчанд марҳала тақсим мешавад. Марҳалаи аввали он ба давраи охири асри биринҷӣ роот меояд. Қабилаҳои қадими водии Фарғона дар охири ҳазораи 2— аввали ҳазораи 1 то мелод ба деҳқонию чорводорӣ машғул буданд. Бошишгоҳи маданияти Чуст ба онҳо тааллуқ дошт. Ба ин маданият сафолоти мунаққаш хос аст. Қабилаҳои чустӣ аз ҷиҳати антропологӣ ба типи баҳримиёназаминии нажоди европоӣ мансуб будаанд. Тахмин мекунанд, ки онҳо ба гурӯҳи қабилаҳои эронинажод мансуб буда, ба яке аз забонҳои гурӯҳи забонҳои шарқии эронӣ гап мезадаанд. Баробари онҳо дар ҳаволии Фарғона, аа ҷумла дар дашти Қайроққум, қабилаҳои даштнишини мансуби маданияти Андроново зиндагӣ мекарданд, ки аксар чорводор буданд. Аз асри биринҷи сар карда дар Фарғона аҳолии ду кюмплекси мухталифи хоҷагию маданӣ зиндагӣ мекард. Минбаъд қабилаҳои саҳронишин, (эҳтимол, қабилаҳои эронизабон) қисман муқимӣ шуда, ба ҳайати қабилаҳои зироаткори фарғонагӣ дохил шудаанд. Марҳалаи дуюми ташаккули Фарғона ба давраи маданияти Эйлатал (асрҳои 7—4 то мелод) рост меояд. Аҳолии зироаткори ин давра авлоди бевоситаи қабилаҳои чустӣ буд. Вале қиёфаи онҳо ҷиддан тағйир ёфт ва дар ин ноҳия шумораи одамони типи помиру фарғонагии европоисурат хеле афзуд. Дар айни замон дар водиҳои байникӯҳии Фарғона қабилаҳои сакоиҳо маскун шуданд. Онҳо бо таъсври зироаткорон қисман муқимӣ шуда, ба ҳайати халқияти ояндаи Фарғона дохил гаштанд. Маданияти хоси зиродткории ин давра дар маданияти моддӣ, пеш аз ҳама дар сафолоти мунаққаш (аз рӯи рангу тобиш он аз сафолоти маданияти Чуст фарқ мекард) зоҳир гардид. Ҷараёни этникие, ки дар давраи ба авҷи тараққиёт расидани давлати Давон (асри 2 то мелод—асри 3 мелодӣ) ба амал омаданд, боиси ташаккули халқияти фарғонагӣ гардиданд. Ва ин халқият иқтисодиет, маданият ва забони хоси худро дошт. Ба ҳайати он инчунин гуруҳҳои алоҳидаи қабилаҳои бодиянишини эронизабони сакоӣ ва баъдтар усунҳову йӯҷиҳо, ки қисман дар ҳудуди Фарғона зиндагӣ мекарданд, дохил шуданд. Даврае, ки аз миёнаи ҳазораи 1 милодӣ то ташаккул ёфтани халқияти тоҷикро дар бар мегирад, марҳалаи махсуси таърихи Фарғонаро ташкил медиҳад. Дар ҷараёни этникии ин марҳала хиёниён ва ҳайтолиён иштирок доштанд. Шумораи аҳолии муғулсурат хеле афзуд. Туркҳое, ки аз Хоқонии турк ба Осиёи Миёна омада, дар Фарғонаи Шимолӣ маскун шуда буданд, ба ҷараёни этникии Фарғона таъсири муайян расонданд. Турксуратшавии аҳолии маҳаллии Фарғона оғоз ёфт, ки онро бозёфтҳои эпиграфии хати рунӣ собит намуданд. Баробари ин гуруҳҳои суғдиёни аз зулми арабҳо рӯ ба гурез ниҳода ба Фарғона омаданд ва дар натиҷа шумораи аҳолии эронизабони Фарғона афзуд. Ба ҷараёни этникии Фарғона арабҳо низ то андозае таъсир расондаанд. Мувофиқи маълумоти сайёҳи хитоӣ Сюан Сзан (630) аҳолии Фарғона ба забони махсуси эронӣ гап мезад, ки он аз забонҳои халқҳои ҳамсоя фарқ мекард. Инро сайёҳи дигар Хой Чао (728) низ тасдиқ кардааст. Аз ин бармеояд, ки дар асрҳои 7—8 забони фаргонагӣ аз дигар забонҳо ва пеш аз ҳама аз забони суғдӣ фарқ мекардааст. В. А. Лившис тангаи мансуби асрҳои 5—6-ро ёфт, ки дар рӯи он калимаҳои «Шоҳи Фарғона» ва номи шоҳ сабт шудааст. У ин бозёфтро аввалин намунаи хати Фарғонаи Қадим ва далели баҳснопазири мавҷудияти забони махсуси фарғонагӣ моҳисобад.

Дар натиҷаи ҳамсоягии бисёрқарна ва омезиши аҳолии эронизабони муқими зироаткор бо аҳолии бодиянишин ва баъд туркзабонҳо умумияти халқияти Фарғонаи асрҳои аввали милод шакл гирифт. Он дар рафти муборизаи зидди арабҳо боз ҳам бештар қувват гирифт ва муттаҳид гардид. Минбаъд дар Фарғона забони тоҷикӣ паҳн шуд. Дар аҳди Сомониён қисми зиёди халқияти Фарғона баробари суғдиён, бохтариҳо, тахористониҳо, сакоиҳо ва хоразмиён дар ташаккули халқияти тоҷик роли калон бозид. Қисми боқимондаи Фарғона минбаъд ба таркиби этникии халқияти узбек дохил шуд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Фарғонагиҳо / Ю. А. Заднепровский // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).