Хоҷа Орифи Ревгарӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Хоҷа Орифи Ревгарӣ
сурат
Иттилооти инфиродӣ
Таърихи таваллуд: 15 сентябр 1156 ё 1165
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 11 декабр 1219 ё 1262
Маҳалли даргузашт:
Шогирдон: Хоҷа Маҳмуди Анҷирфағнавӣ
Вироиши Викидода

Хоҷа Муҳаммад Орифи Ревгарӣ (форсӣ: خواجه محمد عارف ریوگری‎; 15 сентябр 1156 ё 1165, Ревгар[d]11 декабр 1219 ё 1262, Ревгар[d] ё Шофирком) — сӯфӣ ва орифи форс-тоҷик, аз машоихи силсилаи хоҷагон ва ҷонишини Абдулхолиқи Ғиҷдувонӣ.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Хоҷа Ориф дар ноҳияи Ревгари вилояти Бухоро ба дунё омад[1]. Доир ба санаи таваллудашон ягон маълумоти аниқе дастрас нагардида аст.

Даргузашт[вироиш | вироиши манбаъ]

Баъд аз як умри тулонӣ Хоҷа Орифи Ревгарӣ дар Ревгар вафот кард ва дар онҷо дафн гардид. Доир ба санаи вафоташон дар асарҳо ривоёти муҳталифе мавҷуданд. Дар асари «Орифнома»-и Хоҷа, доир ба вафоташон чунин маълумоте ба назар мерасад: «Вафоти Қутби замон Ориф Биллоҳ ба соли 634 ҳиҷрӣ (1236 мелодӣ) тақобул мекунад». Қабри эшон алҳол дар ноҳияи Шарифгони вилояти Бухоро мавҷуд аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Cognitive Systems. Khwaja Arif Riwgari (616 AH)(англ.). Ghaffari (11 June 2014). 18 Декабри 2023 санҷида шуд.