Шатендранат Бозе

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шатендранат Бозе
банголӣ: সত্যেন্দ্রনাথ
Таърихи таваллуд 1 январ 1894(1894-01-01)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 4 феврал 1974(1974-02-04)[2][3][4][…] (80 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ mathematical physics[d]
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Шогирдон Asima Chatterjee[d]
Ҷоизаҳо
Имзо Имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Шатйендранат Бо́зе (англ. Satyendra Nath Bose) ё Шотендронат Бо́шу (банголӣ: সত্যেন্দ্র নাথ বসু, (ʃot̪ːend̪ronat̪ʰ boʃu); 1 январ 1894[1][2][3][…], Калкутта[5]4 феврал 1974[2][3][4][…], Калкутта) — физикдон ва риёзидони ҳинд, узви Аныумани салтанатии Лондон (1958), профессори миллии Ҳиндустон (1958).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1915 Донишгоҳи Калкаттаро хатм кардааст. Солҳои 1924-25 дар Порис таҳти роҳбарии М. Склодовская-Кюри кор кард. Проф. Донишгоҳҳои Дакка (1926-45) ва Калкатта (1945-56). Бозе дар соҳаи механикаи квантӣ ва омори квантӣ таҳқиқот карда, формулаи Планкро барои тақсимоти энергияе, ки ҷисми мутлақ сиёҳ меафканад, татбиқ намуд ва сипас такмил дод. Ӯ чунин нуқтаи назареро ба асос гирифт, ки мувофиқи он ду ҳолати силсила (система)-ро, ки бо ҷойивазкунии квантҳои ҳамгуна дар фазои фазавӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд, ба монанд ҳисобидан мумкин аст. Усули Бозеро А. Эйнштейн инкишоф дода, онро барои гази идеалӣ татбиқ намуд ва бо ҳамин омори квантии Бозе-Эйнштейнро асос гузошт (нигар Физики оморӣ). Зарраҳои тобеи ин оморро ба шарафи Бозе Бозе-зарра ё бозон меноманд. Ин зарраҳо ҳомили қувва мебошанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 2.4 2.5 2.6 2.7 Архив по истории математики Мактьютор — 1994.
  3. 3.0 3.1 3.2 3.3 Encyclopædia Britannica (ингл.)
  4. 4.0 4.1 Энциклопедия Брокгауз (нем.)
  5. 5.0 5.1 Бозе Шатьендранат // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохоров — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]