Шаҳиди Балхӣ
Шаҳиди Балхӣ | |
---|---|
Иттилооти инфиродӣ | |
Касб, шуғл: | шоир |
Таърихи даргузашт: | 935 |
Кишвар: | |
Вироиши Викидода |
Абулҳасан Шаҳид ибни Ҳусайни Балхӣ, маъруф ба Шаҳиди Балхӣ (форсӣ: شهید بلخی; ?, Балх — 935) — шоир, мутакаллим, ҳаким ва файласуфи бузурги форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Абулҳасан Шаҳид ибни Ҳусайн суханвари номӣ ва олими забардасти қарни даҳи милодӣ буда, дар шаҳри Балх чашм ба олам кушодааст. Муаллифи китоби «Маҷмаъу-л-булдон» Ёқути Ҳамавӣ падари Шаҳидро аз рустои Ҷаҳудонаки Балх донистааст. Сипас падараш ба Балх кӯчидааст ва Шаҳид дар ин шаҳри бостонӣ таваллуд ёфтааст, аммо соли таваллуди ӯ маълум нест. Шаҳиди Балхӣ маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳаш ҳосил намуда. Барои такмили дониш ба Бухоро меояд ва дар ин маркази бузурги тамаддуни исломӣ касби илмумаърифат намуда, дар аҳди ҳукмронии Сомониён чун суханварони машҳур шуҳрат пайдо мекунад. Тибқи маълумоти маъхазҳои таърихӣ ва адабӣ Шаҳиди Балхӣ аз ҳамасрони Абдуабдуллоҳи Рӯдакӣ буда, бояд ҳаёташ дар нимаи якуми қарни даҳуми милодӣ гузашта бошад. Аз марсияи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар вафоти Шаҳиди Балхӣ маълум мешавад, ки ӯ пеш аз Одаммушшуъаро Рӯдакӣ, дар соли 937 милодӣ вафот кардааст. Марсияи устод Рӯдакӣ дар сӯги Шаҳиди Балхӣ ин аст, ки ба ҳасрат сурудааст:
Корвони Шаҳид рафт аз пеш,
В-они мо рафта гиру меандеш.
Аз шумори ду чашм як тан кам,
В-аз шумори хирад ҳазорон беш…
Аз рӯйи тасдиқи Ибни Надим дар «Ал-Феҳрист» Шаҳиди Балхӣ бо файласуфи маъруф Муҳаммад Закариёи Розӣ дар боби ҳикмат ва фалсафа мунозираҳо доштаанд ва барои исботи даъвои худ рисолаҳо навиштаанд. Аз ин маълумот маълум мегардад, ки Шаҳиди Балхӣ ҳаким ва файласуфи варзидаву номӣ ҳам будааст. Ў на фақат олим ва файласуфи маъруф, балки шоири боистеъдод ҳам буд. Аз мероси адабии ӯ намунаҳо хеле кам, ҳамагӣ 168 байт боқӣ мондааст. Шакли шеърҳои боқимондаи Шаҳиди Балхӣ қасида, қитъа, дубайтӣ буда, дар онҳо мавзӯъҳои мадҳу сано, наът, панд, ишқ, тарбия, тасвири табиъат, марсия, шикоят аз замона ва ғайра баён гардидаанд. Дар пораи боқимондаи яке аз қасидаҳои мадҳияи ӯ ҳокими ҷавоне тавсиф ёфтааст ва он сифатҳо бештар зебоӣ ва раъноии вай тасвир шудааст. Шоир барои аз вай дур нашудан ва меҳрашро дар дилаш нигоҳ доштан, ба ҷони ӯ қасам ёд мекунад:
Маро ба ҷони ту савганду саъб савганде,
Ки ҳаргиз аз ту нагардам, набишнавам панде.
Диҳанд пандаму ман ҳеч панд напазирам,
Ки панд суд надорад ба ҷойи савганде.
Шунидаам, ки биҳишт он касе тавонад ёфт,
Ки орзу бирасонад ба орзуманде.
Туро агар малики чиниён бидидӣ рӯй,
Намоз бурдию динор барпарокандӣ.
В-агар туро малики ҳиндувон бидидӣ мӯй,
Суҷуд кардию бутхонаҳош баркандӣ…
Бояд гуфт, ки Шаҳиди Балхӣ дар сурудани анвоъи мухталифи шеъри форсӣ, ба вижа эҷоди қасида маҳорати тамом доштааст. Дар қасидаҳои мадҳияи шоир истилоҳоти нуҷум бисёр истифода шудаанд, ки шавқу рағбати вайро ба илми ситорашиносӣ нишон медиҳад. Масалан:
Хунук ин Офтобу Зуҳраву Моҳ,
Ки набошанд ҷовидона табоҳ.
Ҳама бар як ниҳоди хеш даванд,
Ки нагарданд ҳаргиз аз як роҳ…
Ҳамин тавр, мадҳу сано як равияи эҷодии ӯ буда, мағзи ғоявии онро адолати шоҳ ташкил медиҳад. Равиши дигари ғоявии вай гуфтани панду андарзи орифона аст. Дар суханони пурҳикмати Шаҳиди Балхӣ даъват ба ҳиммати баланд ба назар мерасад:
Узр бо ҳиммати ту битвон сохт,
Пеши ту хомӯшу забон кӯтоҳ.
Ҳиммати шер аз он баландтар аст,
Ки дилозор бошад аз рӯбоҳ..
Тибқи иттилоъи сарчашмаҳои таърихӣ ва адабӣ Шаҳиди Балхӣ соли 937 милодӣ вафот намудааст.
Намунаи осор
[вироиш | вироиши манбаъ]Дардо, ки дар ин замонаи ғампарвард,
Ҳайфо, ки дар ин бодияи умрнавард.
Ҳар рӯз фироқи дӯсте бояд дид,
Ҳар лаҳза видоъи ҳама мебояд кард.
Донишо! Чун дареғам ойӣ аз он-к,
Бе баҳоиву лекин аз ту баҳост.
Бе ту аз хоста мабодам ганҷ,
Ҳамчунин зарвор бо ту равост.
Боадабро адаб сипоҳ бас аст,
Беадаб бо ҳазор кас танҳост.
Гар фаромӯшам кард Хоҷа моро,
Хештанро бо руқъа додам ёд.
Кӯдаки ширхора то нагирист,
Модар ӯро ба меҳр шир надод.
Дӯшам гузар афтод ба вайронаи Тӯс,
Дидам чуғзе нишаста ҷойи товус.
Гуфтам: « Чӣ хабар дорӣ аз ин вайрона?»
Гуфто: «Хабар ин аст, ки афсӯс, афсӯс!»
Бо тир аз чашми нобино сапедӣ нуқта бардорад,
Ки на дида биёзорад, на нобино хабар дорад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Муҳаммадиқболи Садриддин. «Суханварони Балх», Д., 2010. — С. 188—191
- Забеҳуллоҳи Сафо. Таърихи адабиёт дар Эрон. ҷ. 1, С. 299