Ширин Раҳматова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ширин Изатуллоевна Раҳматова (тав. 29.08.1945, ш. Бекободи ҶШС Ӯзбекистон), педагог, номзади илмҳои педагогӣ (1973), дотсент (1974).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1962–1967 дар факултети филологияи Донишкадаи давлатии ш. Намангон таҳсил намудааст. Ҳамзамон дар Донишгоҳи марксизм-ленинизм таҳсил намуда, соҳиби дипломи маълумоти оли сиёсӣ мегардад. Солҳои 1967–1968 муаллими кафедраи забони русии Донишкадаи ш. Намангон, 1968–1971 аспиранти Институти мактабҳои миллии АИП ИҶШС дар ш. Москва, 1972–1974 муаллим ва муаллими калони кафедраи забони русӣ ва хониши бадеӣ, 1974–1986 дотсент, 1986– 1996 мудири кафедраи забони русӣ ва методикаи таълими он дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Қ. Ҷӯраев буд. Аз соли 1996 то 2010 дотсенти кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёт дар факултети педагогикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко буд. Сипас солҳои 2010-2012 мудири кафедраи забони русии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмат буд. Ҳоло дар вазифаи дотсенти кафедраи илмҳои гуманитарӣ дар Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. Ломоносов дар ш. Душанбе фаъолият бурда истодааст. Оид ба усулҳои истифодаи аёнияти аудиовизуалӣ дар таълими забони русӣ кори илмӣ бурдааст. Муаллифи 4 дастуру воситаҳои таълимӣ, зиёда аз 30 мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ мебошад. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» (1988) қадр карда шудааст.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Маводи дидактикӣ аз забони русӣ, Д., 1989;
  • Маводи амалӣ аз забони русӣ, Д., 1991.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]