Шиҳобуддин Шиҳоби Ҳиравӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шиҳобуддин Шиҳоби Ҳиравӣ

Шиҳобуддин Шиҳоби Ҳиравӣ (форсӣ: شهاب الدین شهاب هروی‎; ? — 1536) — шоир ва муаммосарои форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Вай бо Заҳируддин Бобур ба Ҳиндустон рафт ва назди вай муқарраб буд. Дар муаммогӯӣ даст дошта ва ғазалро некӯ месурудааст. Аз вай девони шеър ва манзумҳ‏ое дар муаммо боқист[1].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. شهاب الدین شهاب هروی. rasekhoon.net. 1 май 2024 санҷида шуд.