Шоҳмот

Аз Википедиа

Шоҳмот ва ё шатранҷ – бозии завковари руимизи мебошад. Ин бози яке аз бозихои қадимтарин руи Замин ҳисобида мешавад: дар давраҳои пеш ин бози бозии шоҳон ва асилзодагон буд. Ин бози бо ду бозингар коидахои худро дорад. Хаар сол дар руи замин хазорхои мусобикахои шохмот гузаронида мешавад. Исбот карда шуд, ки бозии шохмот майнаи инсонро сайкал медихад.

Шоҳ, фарзин, фил, тӯра, асп ва пиёда.
Шоҳ, фарзин, фил, тӯра, асп ва пиёда.

[вироиш] Қоидаҳои бозӣ

Image:chess_zhor_26.png
Image:chess_zver_26.png
Image:chess_zver_26.png
Image:chess_zhor_26.png
Ҷойгиршавии мӯҳраҳо дар тахта.

[вироиш] Тахта ва ҷойгиршавии мӯҳраҳо

Бозӣ дар рӯи тахтае, ки андозааш — 8х8 катак аст, мегузарад. Катакҳо бо аз чап ба рост бо ҳарфҳои лотинӣ аз a то h ва аз поён ба боло бо рақамҳои аз 1 то 8 рақамгузор карда шудаанд. Ҳар як катак ишораи мувофиқи худро дорост, масалан, c4. Катакҳо бо рангҳои сафед ва сиёҳ ранг карда шудаанд, катаки а8 — сафед мебошад.

Ду бозингар бозӣ мекунанд, ки ҳар якеи онҳо мӯҳраҳои зерин доранд:

Якеи бозингарон бо мӯҳраҳои «сафед» ва дигаре бо мӯҳраҳои «сиёҳ» бозӣ мекунанд. Мӯҳраҳои «Сафед» ранги сафед ва мӯҳраҳои «сиёҳ» ранги сиёҳ доранд. Дар оғози бозӣ мӯҳраҳо дар ҷойҳои мувофиқ гузошта мешаванд. Дар сатри 1 ва 2 сафедон, 7 ва 8 сиёҳон ҷойгир шудаанд. Тартиби ҷойгиршавии мӯҳраҳо дар сатрҳои 1 ва 8 (аз a то h): тӯра, асп, фил, фарзин, шоҳ, фил, асп, тӯра мебошад. Сатрҳои 2 ва 7-ро пиёдаҳо ишғол кардаанд.

[вироиш] Нигаред

Ин мақола ҳанӯз ҷавона аст. Бо густариши он ба Википедиа кӯмак кунед.