Ғарибии Астарабодӣ
Мир Муҳаммадалӣ Ғарибии Астарабодӣ (? — қарни XV) — шоир, нависанда, хаттот, навозанда ва мусиқишиноси форс-тоҷик.
Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]
Дар манбаъҳои адабӣ ҷузъиёти тарҷумаи ҳолаш наомадааст. Тазкиранависон, масалан, Алишер Навоӣ («Маҷолису-н-нафоис») аз ӯ чун шоири хуштабъу хушсухан ёд кардаанд. Дар навиштани хатти ғубор моҳир будаст. Ғарибӣ тахаллус карданаш аз ҳамин ҷост. Аксар созҳои мусиқӣ — уд, барбат, камонча, танӯр ва қонунро хуб менавохтааст. Абёти зер намунае аз шеъри ӯст:
Шаб, ки меуфтам ба паҳлуи саги он дилфурӯз,
Хоб дар чашмам намеояд зи шодӣ то ба рӯз.
Дӣ чу пеш омад ба роҳ он дилбари раъно маро,
Ман зи шарм ӯро надидам, ӯ зи истиғно маро.
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]
- Ғарибии Астарабодӣ / М. Диловаров // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.