Қаламфур

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Қаламфур

Қаламфур, занҷабили сурх, як навъ растанӣ, ки бисёр тунд аст. Дар собиқ СССР асосан дар ноҳияҳои ҷануб мекоранд, вале дар минтақаҳои миёна ҳам нағз нашъунамо мекунад. Навъҳои маъмулаш «Украинии тез», «Астраханӣ-147», «Маргилонӣ-330». Қаламфури борики дароз (аз сабаби дар таркибаш моддаи махсуси капсатсин доштанаш) хеле тунд аст. Қаламфури сурхро яклухт хушк карда ё кӯфта ба таом меандозанд. Қаламфури кӯфтаро ҳамчун адвиёт истифода мебаранд.