Қошуқбозӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Қошуқбозӣ – як навъ рақси анъанавии тоҷикон мебошад, ки онро занон ва мардон иҷро мекунанд.

Номи унсур ва истилоҳоти дигар[вироиш | вироиши манбаъ]

Чеб-базай, Чеб раққосӣ

Тавсифи мухтасар[вироиш | вироиши манбаъ]

Рақси қошуқбозӣ, асосан, рақси занона мебошад, аммо дар Бадахшон он чеб-базай, ё чеб раққосӣ ном дошта, онро мардҳо иҷро мекунанд. Ин рақс таҳти садои доира ё созҳои дигари мусиқӣ иҷро шуда, ба жанри рақс бо ашё тааллуқ дорад.[1] Иҷрокунанда дар ҳар дасташ ду қошуқи чӯбиро, бо ангуштҳои даст пушт ба пушт гузошта, нигоҳ медорад. Қошуқҳо дар ин рақс на танҳо вазифаи шақшақаи чӯбинро иҷро менамоянд, балки садои зарбу усули муайянро ба вуҷуд меоранд. Раққос, ҳамеша қошуқ зада истода таҳти зарби онҳо чарх мезанад, гоҳ ҳам шуда ҳаракатҳои мавзунро иҷро мекунад, гоҳ дар саҳна, гӯё, худро ороиш медиҳад.[2] Дар вақти рақс мувофиқи бо зарбу усули мусиқӣ дастҳо бо қошуқҳо ҳаракатҳои гуногунро иҷро мекунанд. Раққос, ҳамеша қошуқҳоро ба ҳам зада, таҳти садои зарби онҳо чарх меравад, гоҳ хам шуда, ҳаракатҳои мавзунро иҷро мекунад. Рақси қошуқбозӣ на танҳо вазифаи шақшақаи чӯбинро иҷро намуда, ба рақс зарбу усули хоссе мебахшад, балки мазмуни ҳаракатҳои гуногуни меҳнатӣ ва маиширо низ таҷассум мекунад. Рақси қошуқбозӣ дар асри ХХ дар репертуари дастаҳои ҳаваскорони санъат хеле ривоҷ ёфта, қошуқро ҳамчун асбоби зарбӣ истифода бурдаанд. Ин рақсро то кунун дар барномаҳои консертии ансамблҳои рақсии «Лола», «Зебо», «Ҷаҳоноро», «Гулрез», театри рақсии «Падида», ансамбли фолклорӣ-этнографии «Ганҷина» ва театрҳои вилоятӣ мушоҳида кардан мумкин аст.[3]

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон / Мураттиб: Д. Раҳимов; муҳаррир Ш.Комилзода. – Душанбе: Эр-Граф, 2017. – С. 44-45. – 280 с.
  2. Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ./ Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ. Сармуҳаррир Раҳимов Д. Мураттибон: Раҳимов Д., Қличева Н., Муҳаммадиев Ҳ., Муродов М., Обидпур Х. Қодиров Ф., Аминов А., Холмуродов З. - Душанбе:«Адиб», 2015, с.13
  3. Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон / Мураттиб: Д. Раҳимов; муҳаррир Ш.Комилзода. – Душанбе: Эр-Граф, 2017. – С. 44-45. – 280 с.