Қулмуҳаммади Удӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Қулмуҳаммади Удӣ
Қулмуҳаммади Удӣ
Зодгоҳ шаҳри Самарқанд
Таърихи даргузашт 1538(1538)
Пеша(ҳо) сароянда, навозанда

Устод Қулмуҳаммади Удии Самарқандӣ (? — 1539, Самарқанд) — мусиқидон, оҳангсоз, навозанда, шоир ва хаттоти форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз устодон ва пешсафони мактаби иҷроии Ҳирот буда, санъати мусиқиро дар Ҳирот назди муси-қидонони номӣ фаро гирифт (Устод Шодӣ, Хоҷа Юсуфи Бурҳон ва диг.). Қулмуҳаммади Удӣ муддате дар Самарқанд, Бухоро иқомат намуда, бо фаъолоияти эҷодию иҷроии Марв, Рай низ ошноӣ дошт. Дар сози уд таҳаввулоти иҷроӣ ворид намуда, дар шаклу анвои шеърию мусиқии «савт», «пешрав», амал", «нақш», «кор», «қавл», «рехта» дар ҳамовозии созҳои ғижжак, қонун, уд таснифоти гуногунмавзӯъ эҷод кардааст. Таснифоти Қулмуҳаммади Удӣ дар заминаи зарбу усули мақомҳои «Ҳусайнӣ», «Ҳиҷоз», «Зангӯла», «Рост» (дар пояи усулҳои «Фохтазарб», «Барафшон», «Нимсақил») дар ҳавзаҳои ҳунарии Самарқанд, Ҳирот, Марв, Бухоро шуҳрати зиёд касб кардаанд. Қулмуҳаммади Удӣ дар санъати хаттотӣ, ҳалкорӣ, ороишгарӣ, муқовасозӣ корҳои зиёди ҳунарӣ карда, нусхаҳои ороишии «Шоҳу дарвеш»-и Ҳилолӣ, осори Ҳотифӣ, Биноӣ ва диг. ба қалами ӯ мансубанд. Табъи хуби шоирӣ ҳам дошт, дар шаклу анвои шеърии ғазал, қасида, рубоӣ таснифоти рангини бадеӣ офаридааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Донишномаи Шашмақом. / Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Д., 2009. — С. 113. — ISBN 978-99947-49-13-3.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]