Қумрии маъмулӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Қумрии маъмулӣ
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Streptopelia turtur (Linnaeus, 1758)
Ареал
тасвир

██ Только гнездится ██ Районы зимовки

Составлено на основе: BirdLife International and Handbook of the Birds of the World (2019) 2019.
Вазъияти ҳифз

Қумрии маъмулӣ[1] (лот. Streptopelia turtur) — гунае паранда аз тираи кабӯтариёну ростаи кабӯтарсонон ва хонаводаи кабӯтарон (Columbidae).

Тавсифот[вироиш | вироиши манбаъ]

Қумрии маъмулӣ ба андозаи аз 26 то 29 см мерасад ва тақрибан 300 грамм вазн дорад. Тарафи болоии ин паррандаи борик ранги сурх-қаҳваранг ва сиёҳ дорад. Паҳлӯҳои он сиёҳу сафед ва поёни он сафед аст, дар ҳоле ки қафаси сина ранги сурхранг дорад. Нарина ва модинаашон якхелаанд.

Густара[вироиш | вироиши манбаъ]

Ин паррандаи муҳоҷир аз моҳи май то сентябр дар ҷангалҳои баргрезу боғҳои тақрибан саросари Аврупо, ба истиснои Скандинавия ва Ирландия вомехӯранд. Зимистони худро дар ҷануби Саҳрои бузург мегузаронад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ. Қумрии маъмулӣ чист? Маънии қумрии маъмулӣ(тоҷ.). vazhaju.tj. Вожаҷӯ . 24 Январ 2023 санҷида шуд.