Jump to content

Ҳабиб Саид

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳабиб Саид
Зодгоҳ: Душанбе,ҶШС Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ:  Иттиҳоди Шӯравӣ,  Русия
Навъи фаъолият: нависанда
Жанр: ҳикоя, новелла, гротеск, эссе
Забони осор: тоҷикӣ, русӣ

Ҳабиб Саид — нависанда, блогнавис, видеоблогери тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳабиб Саид зодаи шаҳри Душанбе мебошад. Дар донишкадаи кишоварзӣ таҳсил намудааст. Ба сифати кафшегар, челонгар, муҳандис, геолог, технолог, рӯзноманигор, шореҳи сиёсии радио фаъолият намудааст. Аз соли 1993 дар Урали Ҷанубӣ истиқомат дорад.

Нахустин ҳикояи Ҳабиб Саид бо номи «Нома» дар маҷаллаи «Занони Тоҷикистон» соли 1988 чоп шуд, хонандагон онро хеле хуб пазируфтанд. Насри ӯ жанрҳои мухталифиро — ҳикоя, новелла, гротеск, фантастикаро дарбар мегирад. Нахустин китобаш бо номи «Одамсурате, ки субҳгон пайдо мешавад» соли 1992 дар нашриёти «Ирфон» ба чоп расид. Пас аз ҳиҷрат ба Русия бо забонҳои тоҷикию русӣ эҷод мекунад. Эссеҳои ӯ: «Бухара — сердце Центральной Азии», «Ахмад Зохир — яркая и неугасающая звезда персидского небосвода», «Душанбе — любовь моя, и боль моя», «Исфара — город цветущих садов» -ро хонандагони русзабон низ гарм истиқбол карданд. Ба ғайр ҳикояю новеллаҳо ба забони русӣ, повестҳои: «Итальянец, тетя, Золушка, пухленькая гувернантка Жириновского, депутат из Новопокровки, или кое — что о славном сахарном городе — Кувандыке», «Двоеженец с Кукуя», достони "Любовь на просторах «Долина Любви»-ро эҷод кардааст. Соли 2014 нашриёти "YAM Publishing"-и Олмон китоби ӯро бо номи «Итальянец, тетя и Золушка» ба чоп расонд. Ҳабиб Саид иштирокчии лоиҳаҳои зиёди адабӣ — интернетӣ ба ҳисоб меравад.

Блогнависӣ, видеоблогер

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳабиб Саид ба ғайр аз блогҳои ба эҷодиёти хеш бахшидаи «Насри Навин», «Наср — Проза», «Проза», «Новеллаҳо», «Танз», «Ҳабиб Саид», Хабиб Саид — эссе", «Андешаҳо», «Инsайт», «Итальянец, тётя и Золушка», «Мы вышли из Любви, Мы есть — Любовь, Мы возвращаемся к Любви», блогу сомонаҳои ба адабиёт, сиёсат, фарҳанг бахшида шуда: «Садриддин Айнӣ», «Бобоҷон Ғафуров», «Айнӣ — Лоҳутӣ — Турсунзода», «Аҳмад Зоҳир — Ahmad Zahir — احمد ظاهر», «Фарзона», «Шашмақом», «Маҳмудҷон Воиҳдов», «Мардон Мавлонов — Булбули Самарқанд», «Гульшан, Зебо, Памир», «Таджикская музыка: классика, ретро, поп», «Таджикистан в картинках», «Таджикская музыка — ретро», «О таджиках и про таджиков», «Батыр Закиров»… ва блоги ба маризи маҳлгарои гирифтор гаштани ҷомеаи тоҷик «Душмани № 1 тоҷик — вируси М»-ро сохт, ки хонандагони зиёдеро дороянд.

Дар YouTube Ҳабиб Саид канали «habibsl» — «Ёде зи он замон» — ро созмон дод, ва ин ягона саҳифаи тоҷикист ки пурра ба мусиқи классики тоҷик бахшида шудаасту суруду оҳангҳои Акашариф Ҷӯраев, Фазлиддин Шаҳобов, Маъруфхоҷа Баҳодуров, Тӯҳфа Фозилова, Авнер Муллоқандов, Рена Галибова, Шоиста Муллоҷонова, Ҳанифа Мавлонова, Аҳмад Бобоқулов, Барно Исҳоқова, Нериё Аминов, Борис Наматиев, Берта Давидова, Мирзоқурбон Солиев, Аъзам Камолов, Боймуҳаммад Ниёзов, Одина Ҳошимов, Зафар Нозимов, Ҷурабек Муродов, Абдулло Назриев, Тухта Иброҳимова, Барот Яхшиев, Лайло Шарифова, Орифшо Орифов, Бобоҷон Шамсиев, Тағоймуродов Хушвақтов, Нигина Рауфова, Ҳусейн Насриддинов, Ҳалима Насибулина, Лола Баракаева, Аҳмадҷон Муҳаммадиев, Дӯстмурод Алиев, Ҷумъа Исоев, Тоҷиддин Муҳиддинов, Хурмо Ширинова, Муборакшо Мирзошоев, Наргис Бандишоева, Олег Фезов, Умар Зиёев, Абрам Толмасов, Насиба Абдуллоева… сурудҳои форсии Ботир Зокирову Бобомурод Ҳамдамов, оҳангу сурудҳои «Шашмаком», сурудҳои дастаи «Гулшан», сурудҳои ҳофизони Самарқанд, садои Маҳмудчон Воҳидову Ҳадя гирд оварда шудааст. Дар бораи устод Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Комил Ёрматов, Қори Ниёзӣ, Мамлакат Наҳангова, Лоиқ Шералӣ видеороликҳои алоҳида бахшида шудааст. Зиёда аз 100 видеоролик бо таронаю аксҳои Аҳмад Зоҳир сохтааст, ки аз он 8 видеоролики ҳаҷмашон зиёда аз як соат буда, ки дар онҳо то 490 акси шодравон Аҳмад Зоҳир гирд омадааст.

  • «Одамсурате, ки субҳгон пайдо мешавад» (соли 1992 нашриёти «Ирфон», Душанбе)
  • «Итальянец, тетя и Золушка» (соли 2014 нашриёти «YAM Publishing», Олмон)