Душанбе

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Душанбе
Нишони шаҳри Душанбе
Донистаниҳо
Кишвар : Tajikistan-coat-of-arms.jpg Тоҷикистон Flag of Tajikistan.svg
Вилоят : Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
Замони таъсис : нимаи нахусти садаи XVII
Шаҳр аз : соли 1925
Номҳои пешин : Сталинобод 1929 - 1961
Раиси шаҳр: Маҳмадсаид Убайдуллоев
Ҷуғрофиёи табиъӣ
Координатаҳо : 38.3401 а.ш.; 38.4737 т.ш.
Паҳноварӣ : 124,6 км²
Шумораи ноҳияҳо : 4
Шумораи ҷамоатҳо :
Мардум
Аҳолӣ (2006) : 679 400 кас
Зичии аҳолӣ (2006) : 5,305 кас/км²
Забони расмӣ : тоҷикӣ
Забонҳои гуфторӣ : тоҷикӣ, узбакӣ, русӣ
Мазҳаб : ҳанафӣ, масеҳӣ
Нишониҳо
Сарвожа : DB
ISO-намоя : TJ-DB
Пешшумора : +992 37
Нишонии почта : 734000
Замон : UTC+5
Вебгоҳ : http://www.dushanbe.tj
Шумораи мошинҳо : 01РТ


Душанбе (форсӣ: دوشنبه)- калонтарин шаҳр ва пойтахти кишвaри Тоҷикистон аст.

Масоҳати шаҳр 124,6 км кв аст ва дар он 679,4 ҳазор нафар (соли 2008)[1] шаҳрванд зиндагӣ мекунанд. Пойтахти Тоҷикистон 193 корхонаи саноатӣ, 38 корхонаи таробарӣ, 132 корхонаи сохтмонӣ, 40 банк, 8 меҳмонхона, 35 бемористон, 21 масҷид, 121 мактаби таҳсилоти умумӣ, 14 омӯзишгоҳ, 12 коллеҷ, 20 донишгоҳ, 7 осорхона ва 7 намоишсаро дорад.

Қасри Президент
Dushanbe Theater.jpg
Амфитеатр дар Душанбе
Ҳайкали Исмоили Сомонӣ

Мундариҷа

[вироиш] Таърих

Сарзамине, ки ҳамакнун шаҳри Душанбе дар он ҷой дорад, дар садаҳои миёна «Шумон» (форсӣ: «شومان») ном доштааст ва дар роҳномаҳо ва таърихномаҳои қадим ба гунаи «Сумон» (форсӣ: «سومان») низ навишта шудааст. Дар «Ҳудуд-ул-олам мин-ал-Машриқ илал-Мағриб» омада: «Шумон шаҳрест устувор ва бабаро кӯҳ ниҳода ва гирди ӯ борае кашида ва ӯро куҳандизест бар сари кӯҳ ниҳода ва андар миёни куҳандиз чашмаи обаст бузург. Аз вай заъфарон хезад бисёр».[2] Шумон дар қисмати болооби рӯди Қубодиён ва шимоли Пули Сангин ва шаҳри Вошҷирд (Висагирд, акнун - Файзобод) воқеъ буд, ки ба гуфтаи Истахрӣ ба андозаи Тирмиз вусъат дошт ва ба масофати андаке дар ҷануби он қалъаи бузурги Шумон вокеъ буд. Муқаддасӣ дар «Аҳсан ал-тақосим» гӯяд: «Шумон маконе пурҷамъият ва ободу неку аст». Шарафуддин Алии Яздӣ дар «Зафарномаи Темурӣ» аз ин қалъа ба номи «Ҳисори Шодмон» (форсӣ: «حصار شادمان») ёд карда ва ғолибан онро ба сурати мухтасар «Ҳисор» (форсӣ: «حصار») ё «Ҳисорак» (форсӣ: «حصارک») навишта ва имрӯз ҳам «Ҳисор» маъруф аст.[3] Шоёни ёдоварист, ки вожаи «ҳисор» арабӣ ва маънояш «диж» ва «қалъа» аст. Қалъае, ки ҳамакнун дар 5-километрии шимолу ғарбии шаҳри Душанбе қарор дорад, бозмонда аз ҳамон шаҳри Шумон аст, ки дар садаҳои XV – XVII м. «ҳисори Шодмон», яъне «қалъаи Шодмон», номида мешуд. Бар асари касрати талаффуз «Шодмон» аз он афтоду «ҳисор» монд ва исми хос - «Ҳисор» – гашт.

Дар оғози садаи XX ин қалъа тахтгоҳи беки Ҳисор Шоҳимардонқул буд ва дар заминларзаи 8 сентябри соли 1907 вайрон шуд ва аз он танҳо як дарвоза ва ду бурҷ дар миёни ду кӯҳ барҷой монда аст. Пас аз он заминларза Шоҳимардонқул ба қалъаи Душанбе кӯчид ки дар он замон маркази яке аз амлокдориҳояш буд ва аз он пас Душанбе тахтгоҳи беки Ҳисор шуд.

Аз ҷойноми «Душанбе» (форсӣ: «دوشنبه») барои нахустин бор дар китоби донишманди балхӣ Маҳмуд ибни Валӣ «Баҳр ул-аъроф фи маноқиб ал-хайр» (оғози садаи XVII м.) ва номаи хони Балх Субҳонқул Баҳодур ба шоҳи Рус Фёдор Алексеевич (декабри 1676) ёд шудааст. Дар санаде бозмонда аз соли 1826 ин шаҳр «Душанбе-қурғон» (форсӣ: «دوشنبه قورغان») номида шудааст. «Қурғон» вожаи туркӣ ва маънояш «қалъа» ва «ҳисор» аст. Қалъаи Душанбе дар канораи чапи рӯди Варзоб ҷой дошта ва ҳар рӯзи душанбе дар назди он бозор баргузор мешудааст. Номи кунунии пойтахти Тоҷикистон ёдовари ҳамин бозор аст. Азбаски ин ҷойро «душанбебозор» мегуфтанд, деҳкадае, ки бо гузашти замон дар ҷои «душанбебозор» пайдо шуд, Душанбе ном гирифт.

Соли 1924, пас аз ташкил кардани Ҷумҳурии Мухтории Шӯравии Сусиёлистии Тоҷикистон дар таркиби Ҷумҳурии Шӯравии Сусиёлистии Ӯзбекистон, Душанбе шаҳр ва пойтахт эълон гардид.

16 октябри соли 1929 Душанбе Сталинобод номида шуд. Соли 1961 дубора Душанбе номида шуд.

[вироиш] Пайнавиштҳо

Боиси зикр аст, ки дар шаҳри Душанбе соли 31.08.2011 рекорди нави ҷаҳонӣ гузошта шуд. Ин рекорди нави ҷаҳонӣ, - ифтитоҳи парчами баландтарини дунё, ки баландии он 165 метрро ташкил мекунад, ба ҳисоб меравад.

  1. Республика Таджикистан. Демографический обзор
  2. «Ҳудуд-ул-олам мин-ал-Машриқ илал-Мағриб» (соли 372 хиҷрии қамарӣ = 982 милодӣ). Вироиши доктор Манучеҳр Сутуда. Теҳрон: Китобхонаи Таҳурӣ, Ширкати офсети «Гулшан». 1983 – саҳ. 110
  3. ЛеСтренж, Ги. «Сарзаминҳои Хилофати шарқӣ». Тарҷумаи Маҳмуд Ирфон. Теҳрон: Бунгоҳи тарҷума ва нашри китоб. 1336 ҳ.ш. = 1958 м. – саҳ. 468

[вироиш] Пайвандҳои беруна

[вироиш] Нигаред

Commons-logo.svg
Анбори Википедиа аксҳое дар бораи ин мавзӯъ дорад:


Пойтахтҳои Осиё
Абу-Даби | Аммон | Анкара | Астана | Ашхобад | Бағдад | Боку | Бандар-Сери-Бегаван | Бангкок | Бейрут | Бишкек | Вентян | Дакка | Димишқ | Деҳли |Дили| Доҳа | Душанбе | Джакарта | Ереван | Иерусалим | Исламабад | Кабул | Катманду | Мале | Манама | Манила | Маскат | Никосия | Ню-Дели | Пекин | Пномпен | Путраҷайя | Пхенян | Пинмана | Сана | Сеул | Сингапур | Тайбэй* | Тошканд | Тбилиси | Тхимпху | Теҳрон | Токио | Улан-Батор | Ханой | Шри-Ҷаяварденепура-Котте | Ал-Кувейт | Эр-Рияд

* Тайвань аз тарафи бисёр давлатҳо эътироф карда нашудааст

Coat of arms of Tajikistan.svg

Тоҷикистон

Абзорҳои шахсӣ
Фазоҳои ном

кирилликӣ

Вариантҳо
Амалкардҳо
Гаштан
Ҷаъбаи абзор
бо забонҳои дигар