Jump to content

Ҳабибулло Неъматуллоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳабибулло Неъматуллоев
Таърихи таваллуд 1900(1900)
Зодгоҳ Ӯротеппа, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 1975(1975)
Маҳалли даргузашт ноҳияи Ӯротеппа
Ҷоизаҳо Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Ордени «Нишони Фахрӣ» Ордени «Нишони Фахрӣ»

Ҳабибулло Неъматуллоев (1900, Ӯротеппа — 1975, Душанбе) — омӯзгор яке аз иштирокдорони фаъоли сохтмони сотсиализм дар Тоҷикистон. Муаллими хидматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1960).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Курсҳои кӯтоҳмуддати муаллимтайёркунӣ (1919) ва бахши дар Тошканд будаи Донишгоҳи профессураи сурхро хатм кардааст (1937). Омӯзгори мактаби миёна, ҷонишини мудири шуъбаи комсомоли вилоят (1919—1925), мудири шуъбаи маорифи халқи в.Ӯротеппа, котиби масъули кумиҷроияи округ (1926-29), мудири шуъбаи маорифи халқи округи Кӯлоб (1930). Солҳои 1937—1938 директори Донишкадаи олии омӯзгории Хуҷанд буд. Аз с.1938 то 1947 мансабҳои роҳбарикунандаро дар низоми Нашриёти давлатии Тоҷикистон ишғол кардааст. Вазири маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон (1947—1954), ҷонишини вазири фарҳанги ҶШС Тоҷикистон, ҷонишни мудири шуъбаи таблиғоту ташвиқоти КМ ҲК Тоҷикистон (1954—1960), сардори идораи бойгонии назди Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон (1960—1974). Аз с.1974 дар нафақа. Депутати ШО ҶШС Тоҷикистон (даъватҳои 2,3). Бо ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ду ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо, ифтихорномаҳо мукофотонида шудааст.[1]

  • А. Бобокалонов, Ҳ. Холҷӯраев, Ш. Шарипов. Роҳи пуршараф: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 80 сол. — Хуҷанд: Нури маърифат, 2012. — 500 с.