Ҳавасмандгардонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ҳавасмандгардонӣ — барои комёбиҳои меҳнатӣ, кори бардавом ва бенуқсон, навоварӣ дар меҳнат ва дигар дастовардҳои меҳнатӣ корфармо аз чунин тадбирҳои ҳавасмандгардонӣ истифода мебарад:

  • эълони раҳматнома;
  • додани мукофот;
  • мукофонидан бо туҳфаи пурқимат;
  • сарфароз гардондан бо ифтихорнома;
  • сабти ном дар Лавҳаи ифтихор, фахрӣ ва Дафтари фахрй.

Бо қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ ҳамчунин дигар навъҳои ҳавасмандгардонӣ пешбинӣ шуда метавонанд. Кормандон барои хидматҳои махсус ба нафъи ҷомеа ва давлат ба мукофотҳои давлатӣ пешниҳод шуда метавонанд.[1]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 504