Ҳелветас

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ҳелветас Свисс Интеркооперейшэн — яке аз ташкилотҳои бузургтарин оид ба рушд дар Швейтсария мебошад. Он 1 июли соли 2011 дар натиҷаи ба ҳам омадани ду ташкилот ба дунё омадааст: Ҳелветас (соли 1955 таъсис шуда) ва Интеркооперейшн (соли 1982 таъсис шуда). ҲЕЛВЕТАС Свисс Интеркооперейшэн, ҳамчун ассотсиатсияи аз ҷиҳати сиёсӣ ва динӣ озод, зиёда аз 100 аъзо ва маблағгузорон, ҳамчунин 12 гурӯҳҳои ихтиёрони минтақавӣ дастгирӣ менамояд. Бештар аз 1200 кормандони маҳаллӣ ва 60 кормандони байналмилалӣ (асосан швейтсарӣ) дар 30 мамлакат-шарикҳо дар Африқо, Амрикои лотинӣ ва Аврупои шарқӣ кор ва фаъолият мебаранд. Ба таври умумӣ 130 нафар дар дафтарҳои Берн ва Сюрих, ҳамчунин филиалҳои Лазанна ва Балерна кор мекунанд. Онҳо барои ҳамоҳангсозии рушди лиоҳаҳо, пешкаши хидматҳои машваратӣ ба ташкилоҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ҳамчунин баланд бардоштани воқифият оид ба масоиле, ки мардуми мамлакалҳои рӯ ба тараққӣ рӯ ба рӯ мешаванд, кор ва фаъолият мебаранд.

ҲЕЛВЕТАС дар Тоҷикистон иҷрои лоиҳаҳои зеринро ба ӯхда дорад:

1) Лоиҳаи Дастрасӣ ба адолат ва ислоҳоти судӣ

2) Лоиҳаи Шабакаи марказҳои ёрии ҳуқуқӣ дар деҳот

3) Лоиҳаи Рушди бозори маҳаллӣ

4) Лоиҳаи Рушди силсилаи арзиши органикӣ

5) Лоиҳаи Истифодаи Босамари об (SEP) - лоиҳаи пилотӣ


Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]