Ҳуқуқ ба истироҳат

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ҳуқуқ ба истироҳатКонститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи шаҳрвандонро ба истироҳат пешбинӣ менамояд. Ин ҳуқуқ бо роҳи муқаррар кардани ҳафта ва рӯзи корӣ, рухсатии ҳарсолаи пулӣ, рӯзҳои ҳарҳафтаинаи истироҳат ва шароитҳои дигаре таъмин карда мешавад, ки қонун муайян кардааст (моддаи 37). Таъмини ин ҳуқуқ бо роҳҳои гуногун амалӣ гардонда мешавад, ки дар он худи шахс, корхонаю муассиса, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва давлат ҳиссагузор шуда метавонанд. Вазифаи давлат аз он иборат аст, ки ба воситаи қонун давомнокии вақти кор, рӯзҳои истироҳат ва ид, рухсатии ҳарсолаи пулакӣ ва дигар чораҳои амалӣ гардондани ин ҳуқуқро муайян намояд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи ин ҳуқуқ муассисаҳои истироҳатию тандурустӣ, муассисаҳои муолиҷавӣ ва осоишгоҳҳо, базаҳои сайёҳӣ, лагерҳои тандурустӣ ва ғайра фаъолият мекунанд..[1]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳуқуқ

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 515