Ҷамъияти дорои масъулияти иловагӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ҷамъияти дорои масъулияти иловагӣҷамъияте дониста мешавад, ки аз ҷониби як ё якчанд шахс таъсис гардида, фонди оинномавии он мувофиқи андозаи дар ҳуҷҷатҳои таъсисй муайянгардида ба ҳиссаҳо тақсим мешавад. Иштирокчиёни чунин ҷамъият тибқи аз рӯи уҳдадориҳои он бо амволи худ ба андозаи дар ҳуҷҷатҳои таъсиси ҷамъият муайянгардидаи барои ҳамаашон баробари арзиши саҳми гузоштаашон масъулияти муштараки иловагӣ доранд. Агар дар ҳуҷҷатҳои таъсисии ҷамъият тартиби дигари тақсимоти масъулият пешбинӣ нагардида бошад, дар суратн муфлисшавии яке аз иштирокчиён масъулияти ӯ тибқи уҳдадориҳои ҷамъият байни иштирокчиённ боқимонда мутаиосибан ба саҳмашон тақсим карда мешавад. Номи муассисавии ҷамъияти дорои масъулияти иловагй бояд номи ҷамъият, инчунин иборан «дорои масъулияти иловагӣ»- ро дарбар гирад.[1]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — С. 551