Ҷоҳиз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷоҳиз
ар. عمرو بن بحر بن محبوب الكناني البصري
Тахаллусҳо: الجاحظ
Таърихи таваллуд: 775[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: декабри 868[2] ё январи 869
Маҳалли даргузашт:
Навъи фаъолият: луғатшинос, нависанда, шоир, зистшинос, ҷонваршинос, муаррих
Жанр: танз[d]
Забони осор: арабӣ[3][4]
Логотипи Викитека Осор дар Викитека
 Парвандаҳо дар Викианбор
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард

Абӯусмон Амру ибни Баҳр Кинонии Басрӣ (ар. أبو عثمان عمرو بن بحر الكناني البصري‎), маъруф ба Ҷоҳиз (ар. الجاحظ‎; 775[1], Басра, Хилофати Аббосиёндекабри 868[2] ё январи 869, Басра, Хилофати Аббосиён) — ҷонваршинос, файласуф ва адиби мусулмон.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Ӯ аҳли Басра буд ва шӯри фаровоне барои таҳсили илм дошт. Ҷоҳиз дар дараҷаи аввал марди адибу забоншинос буд, аммо ба улуми табиъиву мардумшиносӣ таваҷҷуҳи хоссе дошт ва насри арабиро ба комилтарин сурати он даровард. Ӯ муаллими хусусии фарзандони халифа Мутаваккили Аббосӣ будааст. Муҳимтарин асари Ҷоҳиз дар бораи ҳайвонот китоби «ал-Ҳайвон» асари адабӣ аст, ки дар он дониши исломӣ ва юнонӣ дар бораи пистондорони бузург, парандагони муҳим ва ҳашарот хулоса шудааст. Дар ин китоб ӯ баррасиҳои худро нақл ва қазовати хешро арза мекунад. Дар ҷонваршиносӣ дар ҷаҳони ислом ҳаргиз китобе ба густурдагии ин китоб ба вуҷуд наёмадааст. Аз 200 унвон китобе, ки Ҷоҳиз дар бораи сиёсат, дину улум навишта, ҳудуди се асар ба ҷой мондааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]