Brainfuck
Аз Википедиа
Brainfuck (аз англисӣ: brain+fuck) — яке аз забонҳои машҳури эзотерикӣ мебошад ва ин забонро Урбан Мюллер (Urban Müller) соли 1993 ихтироъ кардааст. Забон ҳамагӣ 8 фармон дорад, ки ҳар кадомаш бо як рамз ифода меёбад. Коди ибтидоӣ дар забони Brainfuck аз пайдарпаии ин рамзҳо бе ягон имлои иловагӣ иборат аст.
| 8 фармони забони Brainfuck: | ||
| > | гузаштан ба катаки оянда | |
| < | гузаштан ба катаки пешина | |
| + | қиммати катакро 1-то зиёд кардан | |
| - | қиммати катакро 1-то кам кардан | |
| . | қиммати катакро чоп кардан | |
| , | аз берун қимматеро дохил карда ба катак захира кардан | |
| [ | агар қиммати катак ба сифр баробар бошад, гузариш ба пеш ба катаки мувофиқи матни барнома ] (кодҳои дохили якдигар ба ҳисоб гирифта мешаванд) | |
| ] | агар қиммати катак ба сифр баробар набошад, гузариш ба қафо ба катаки мувофиқи матни барнома ] (кодҳои дохили якдигар ба ҳисоб гирифта мешаванд) | |
Забони Brainfuck-ро бо воситаи эквивалентҳои забони Си ифода намудан мумкин аст (тахмин карда мешавад, ки тағйирёбандаи ptr ҳамчун нишондиҳанда ба байт гирифта шудааст):
| фармони Brainfuck | эквиваленташ дар Си |
|---|---|
> |
++ptr; |
< |
--ptr; |
+ |
++*ptr; |
- |
--*ptr; |
. |
putchar(*ptr); |
, |
*ptr=getchar(); |
[ |
while (*ptr) { |
] |
} |
Бо вуҷуди соддагии забони Brainfuck бо маҷмӯи беохири катакҳо ин забон дорои пуррагӣ аз рӯи Тюринг аст, пас, аз рӯи имкониятҳои худ ба забонҳои «ҳақиқӣ» ҳамчун Си, Паскал ё Java гузашт намекунад.
Brainfuck-ро барои таҷрибаҳо дар барномасозии генетикӣ аз рӯи соддагии имло ва навиштани коди ибтидоӣ истифода бурдан мумкин аст.
Дар забони "классикии "Brainfuck, ки Мюллер тавсиф намудааст, андозаи катак — як байт ва шумораи катакҳо бошад 30000 буд. Дар ҳолати ибтидоӣ нишондиҳанда дар мавқеи аз ҳама чап воқеъ шуда, катакҳои боқимонда бо сифрҳо пур кардашудаанд.
[вироиш] Мисоли барнома
[вироиш] Барномасозӣ бо забони Brainfuck
[вироиш] Пайвандҳо
- Тавсифи BF бо забони англисӣ ва пайвандҳо ба BF-манбаҳо
- Brainfuck interpreter with integrated debugger (IDE) for Windows
- Гурӯҳи дӯстдорони забонҳои эзотерикии барномасозӣ
- мақола дар rsdn.ru дар бораи забонҳои эзотерикии барномасозӣ
- Processing_BF — интерпретатори оптимизациякунанда ва транслятор дар PHP, бо забони PHP навишта шудааст
- BrainfuckInterpreter — интерпретатори оптимизациякунанда бо забони Java навишта шудааст
- esco - интерпретатори ҳаматарафаи забонҳои эзотерикии барномасозӣ
- Интерпретатори brainfuck бо забони JavaScript навишташуда
|
Барои сохтан истифода мешаванд: ABAP/4 | Ада | ActionScript | Ассемблерҳо | Awk | BASIC | C | COBOL | C++ | C# | ColdFusion | D | Delphi | Forth | FoxPro | DataFlex | Фортран | Haskell | Java | JavaScript | J++ | J# | Icon | Limbo | Лисп | Lua | Objective-C | Оберон | Oz | Паскал | Perl | PHP | PL/I | Пролог | Руби | Python | Tcl | Scheme | Smalltalk | SQL | Visual DataFlex | Visual Basic | VB.NET | Visual FoxPro |
Ин мақола ҳанӯз ҷавона аст. Бо густариши он ба Википедиа кӯмак кунед.

