Cумалак

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Сумалак

Сумалак, Суманак (саману) навъе аз хуриши наврузист, ки аз сабзаи гандум пухта мешавад. Худи сабза рамзи эхёи табиъат ва зебоию осоиштагии хаёт ба шумор меравад. Ду хафта кабл аз чашни Навруз мардум дар хонахои худ, дар табакхо гандумхоро шуста ва месабзонанд ва рузи ид ба идгох меоранд. Он чо хамрох бо занхои дигар дар деги калоне суманакпази мекунанд.

Пухтани сумалак

Чараёни суманакпази як шабонаруз давом мекунад ва занхову духтарон хам сурудхони, раксу бозихо ва хазлу хандахо мекунанд. Зеро боваре хаст, ки соли навро агар бо хандаю хурсандию шодмони пешвоз гири, хамон сол пурра бо хуррамию шоди зиндаги хохи кард.

Суруди маъруфи занхои суманакпаз, ки хангоми пухтани ин гизои наврузи дар Точикистон бо доиранавози ба тарики дастчамъи хонда мешавад, ин аст:

Сабза рамзи эхёи табиъат ва зебоию осоиштагии хаёт ба шумор меравад.

Суманак дар чуш мо кафча занем,
Дигарон дар хоб, мо дафча занем.
Суманак буйи бахорай,
Суманак авчу барорай,
Мелаи шабзиндадорай,
Иди Наврузи муборак!
Суманак дар чуш мо кафча занем,
Дигарон дар хоб, мо дафча занем.

Дар нохияи Ашт дар айёми Навруз занхо дар яке аз богхо чамъ омада суманак ва ё бо галладона хурокхои дигаре мепазанд. Чавонон наворхои мусикиро дар магнитофон гузошта, ба раксу бози машгул мешаванд. Баъзе аз духтарон ба гуш кардани мусики ва тамошои ракси чавонон меоянду бархе дигар дар дарахтон аргамчин баста, аргунчаксавори мекунанд.

Бо истифода аз фурсат, бисёре аз чавонон ба худ арус меёбанд. Духтарон низ бо нозу карашма дили чавононро мебаранд. Дар ин руз бисёре аз чавонону духтарон ба якдигар дил мебанданд ва хамсархои ояндаи худро интихоб мекунанд. Бузургсолон аз рафтори чавонон огох буда, монеъ намешаванд ва баръакс худ

Нигаред[вироиш]