Наврӯз

Аз Википедиа

Наврӯз (Науры́з мейрамы, Ноору́з) (форсӣ: نوروز , курдӣ: Newroz) — Иди баҳор ва Соли Нав. Ҷашни қадими ва анъанавии мардуми эронинажод, аз ҷумла тоҷикон (баъдтар дар байни дигар халқҳои ғайриэронӣ низ расм шудааст), ки ба рӯзи аввали солшумории шамсӣ-1-уми аввали ҳамал ё 21-уми марти солшумории милодӣ рост меояд. Наврӯзро дар баъзе ноҳияҳо "Иди сари сол" низ меноманд. Тақрибан зиёда аз 3 ҳазор сол қабл Наврӯз марбути кори деҳқони пайдо шуда, минбаъд такмил ёфтааст. Таърихи ташаккули Наврӯз бо эҳё гардидани табиат дар баҳорон, ки пас аз зимистон фаро мерасад, вобаста аст.

Рӯзи 21 март дар Эрон, кишварҳои Осиёи Миёна ва Қавқоз ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи 22 март дар Қазоқистон.

[вироиш] Таьрихи Иди Наврӯз

Навруз яке аз ҷашнҳои қадимтарини мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Дар ин ид дехқонон ба киштукори саҳроӣ мебароянд. Яке аз рамзҳои асосии иди Наврӯз суманак мебошад. Дар васфи Наврӯз шоирону нависандагони барҷастаи мо шеърҳо эҷод кардаанд: азҷумла шоири барҷастаи тоҷик Мирзо Турсунзода чунин гуфтааст:

Баҳор омад садои булбул омад,
Насими фораму бӯи гул омад.
Либоси сабзро саҳро ба бар кард,
Кулоҳи сап-сафед олу ба сар кард.


Гулгардони

Аз омадани Навруз кабл аз хама кудакон бо баргузории маросими гулгардони ба дигарон пайгом мерасонанд. Ин маросим як хафта кабл аз Навруз, яъне дар авоили дахаи дуввуми мохи морс аз суи гурухе аз кудакон, ки дар даст гулхои сияхгуш, бойчечак ё наврузи доранд, ичро мешавад

Ин кудакон ба хар манзили маскуни наздик шуда ва бо кироъати шеърхое фарорасии фасли бахорро ба сохибони он хонадон шодбош мегуянд.


[вироиш] Инҷоро ҳам нигаред