Nasdaq-100

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Nasdaq-100 — индекси фондии амрикоӣ. Ба индекс 100 ширкати аз рӯи капитализатсия калонтар ҳамроҳ карда мешаванд, ки саҳмияҳои онҳо дар биржаи NASDAQ савдо карда мешаван. Ба индекс ширкатҳои соҳаи молия ворид карда намешаванд.[1]

Ширкатҳое, ки дигар ба қоидаҳои воридшавӣ ба Nasdaq 100 мтуобиқат надоранд, бо ширкатҳои нав як маротиба дар як сол дар ҳафтаи сеюми декабр иваз карда мешаванд.[2]

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Таърихи индекс аз соли 1985 оғоз шудааст, вақте ки 2 индекси нав ворид гардидааст: NASDAQ-100 ва NASDAQ Financial-100.[3] Ба индекси якум ширкатҳои саноатии технологияи баланд, ба индекси дуюм — молиявӣ ворид карда шуда буданд. Махзани индекс аввал 250 пунктро ташкил медод.

Дар соли 1998 ба индекс ширкатҳои хориҷӣ роҳ дода шуданд. Аввалҳо талабот ба онҳо қатъӣ буд, вале онҳо дар соли 2002 сабук карда шуданд.

Ба максимуми таърихии бештар аз 4700 пункт аз ҷониби индекс дар мавҷи доткомҳо дар соли 2000 расида шудааст.[4]

Ба ҳолати соли 2021 57%-и NASDAQ 100-ро ширкатҳои технологӣ ташкил медиҳанд. Дуюмин дуюмин аз рӯи бузургӣ — хидматрасониҳои истеъмолӣ аз 21,99%.[5] Тандурустӣ 7,08% аз NASDAQ 100-ро ташкил медиҳад, ширкатҳои бо молҳои истеъмолӣ машғул, 6,14% аз NASDAQ 100-ро, ширкатҳои саноатӣ 5,92%-ро ташкил медиҳанд.

Асбобҳои савдошавандаи аз NASDAQ-100 асосгиранда[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар биржаи NASDAQ таҳти тикери QQQ фонде савдо мешавад, ки сохтори он ба индекси NASDAQ-100 монанд аст, ва бо саҳеҳии баланд динамикаи онро такрор мекунад.[6][7]

Фарқиат аз индекси NASDAQ Composite[вироиш | вироиши манбаъ]

Индекси Nasdaq Composite саҳмияҳои ҳамаи ширкатҳои дар биржаи NASDAQ гардишдоштаро дарбар мегирад (ҳамагӣ бештар аз 3000).

Тағйиротҳо дар соли 2021.[вироиш | вироиши манбаъ]

21 июл Honeywell Alexion Pharmaceuticals-ро баъд аз онро харидани AstraZeneca иваз кард.[8] 26 августа Crowdstrike Maxim Integrated Products-ро, ки онро ширкати Analog Devices мехарад, иваз хоҳад кард.[9]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Five facts about the Nasdaq 100 index. morningstar.com.au. 30 августи 2021 санҷида шуд.
  2. What Are The Nasdaq Composite And Nasdaq 100 Indexes?. forbes.com. 30 августи 2021 санҷида шуд.
  3. 10 Fun Facts about the Nasdaq-100 Index. nasdaq.com. 30 августи 2021 санҷида шуд.
  4. 3 Lessons for Investors From the Tech Bubble. nasdaq.com. 30 августи 2021 санҷида шуд.
  5. Best Nasdaq 100 Brokers Guide. comparebrokers.co. 30 августи 2021 санҷида шуд.
  6. Invesco QQQ Trust, Series 1. nasdaq.com. 30 августи 2021 санҷида шуд.
  7. Q: Why Did QQQQ drop a Q to Become QQQ?. wsj.com. 30 августи 2021 санҷида шуд.
  8. Honeywell International Inc. to Join the NASDAQ-100 Index Beginning July 21, 2021. globenewswire.com. 30 августи 2021 санҷида шуд.
  9. CrowdStrike Holdings, Inc. to Join the NASDAQ-100 Index Beginning August 26, 2021. globenewswire.com. 30 августи 2021 санҷида шуд.