Аминофенолҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Аминофенолҳо — карбогидридҳои ароматӣ, ки дар сиклашон гурӯҳҳои -NH2 ва -ОН доранд. Вобаста ба мавқеи аминогурӯҳ ва гурӯҳи гидроксил о-Аминофенол, м-Аминофенол ва n-Аминофенол маълуманд. Усули умумии ҳосил кардани аминофенолҳо барқарор намудани нитрофенолҳо мебошад:

C6H4(NО2) ОH + 6H → C6H4(NH2)ОH + 2H2О

Дар саноат аминофенолҳоро бо роҳи дар иштироки кислотаи сулфати консентронида барқарор намудани нитробензол ҳосил мекунанд. Аминофенолҳо моддаҳои сахти кристаллии беранганд; дар ҳавои нам оксид шуда, ранги ҷигарии сиёҳтоб мегиранд. Маҳлули обии аминофенолҳо ба зудӣ таҷзия мешавад; хосияти асосӣ зоҳир менамоянд; бо кислотаҳо намак ва дар ишқорҳо ҳал шуда, фенолят ҳосил мекунанд. Мета- ва пара- изомерҳои аминофенолҳо барои истеҳсоли рангҳои сулфурдор ва баъзе рангҳои дигар (мас., ранги ҷигарӣ барои пашм); пара- изомери аминофенолҳо ва ҳосилаҳои он, мас., метол дар суратгирӣ чун падиддору истифода мешаванд. Аз ҳосилаҳои аминофенолҳо дар тиб парасетамол ва фенатсетинро чун доруҳои рафъи дард ва табшикан истифода мебаранд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]