Донишгоҳи давлатии Данғара

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Донишгоҳи давлатии Данғара

Донишгоҳи давлатии Данғара — муассисаи давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар ноҳияи Данғараи Тоҷикистон.

Таърихи таъсис[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳу­рии Тоҷикистон аз 1 августи 2005, № 284 дар заминаи мактаб-интернати № 1 ноҳияи Данғара ҳамчун филиали Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар ноҳияи Данғара таъсис ёфтааст. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2013, № 205 ба Донишгоҳи давлатии Данғара табдил дода шуд.

Пойгоҳи илмӣ-фаннӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Бинои донишгоҳ нав буда, дорои тамоми шароити тадрису таълим аст. Дар назди парки технологии донишгоҳ зиёда аз 18 га замини кишти таҷрибавӣ-истеҳсолӣ мавҷуд аст. Бо мақсади рушди таҳқиқоти илмӣ, табодули аспирантон, магистрҳо ва боз­омӯзии устодон Донишгоҳи давлатии Данғара бо 10 донишгоҳи Федератсияи Руссия, 2 донишгоҳи Ҷумҳурии Қирғизистон, Дониш­гоҳи кишоварзӣ ва тавозуни экологӣ дар Аврупои Шар­қии ҶФО шартномаҳои ҳамкорӣ дорад.

Факултетҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Донишгоҳ дорои 8 факултет ва кафедраи ҳарбӣ мебошад.

  • Табиӣ-риёзӣ, педагогика ва рушди нерӯи инсонӣ
  • Иқтисодиёти соҳавӣ ва менеҷменти инноватсионӣ
  • Агробиология, стандартизатсия ва тибби бойторӣ
  • Муҳандисӣ ва технологияҳои муосири истеҳсолӣ
  • Лингвистика ва муоширати байнифарҳангӣ [1]
  • Муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва технологияҳои иттилоотӣ
  • Идораи давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва рушди сайёҳӣ
  • Таҳсилоти фосилавӣ ва ғоибона.

Таълим[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз рӯи 29 ихтисос [технология ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт, иқтисодиёт дар корхонаи комплекси агроса­но­атӣ, идора дар корхонаи комплекси агросаноатӣ, идораи мақомоти маҳаллӣ, саёҳат ва меҳмондорӣ, филология, педагогика ва санъат, забони тоҷикӣ, забон ва адабиёти рус, забони англисӣ, фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ, кимиё (фаъолияти илмию педагогӣ), агроном-иқтисодчӣ-мене­ҷер, биология (фаъолияти илмию истеҳсолӣ), экологияи умумӣ, агроном ва ғ.] мутахассис тайёр мекунад.

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара зиёда аз 2000 донишҷӯ, аз ҷумла беш аз 1800 кас дар шуъбаи рӯзона ва 296 кас дар шуъбаи ғоибона таҳсил менамоянд. Ба онҳо 109 омӯзгор (3 д. и., проф., 25 н. и., дотсент ва 81 муаллими калону ассистент) дарс медиҳанд. Аз соли 2014 дар донишгоҳ қабули аспирантон ва унвонҷӯён (27 аспирант ва 10 унвонҷӯ) ба роҳ монда шуд.

Ректорон[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Донишгоҳи давлатии Данғара / Р. А. Олимов // Дирҳам — Замин. — Д. : СИЭМТ, 2017. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 6). — ISBN 978-99947-33-69-9.


Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]