Котибии Яздӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Котибии Яздӣ

Котибии Яздӣ (форсӣ: کاتب یزدی‎; ?, Язд — 1592, Лоҳур) — шоири форс-тоҷики Ҳиндустон ва аз пайравони сабки ироқӣ.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз зодгоҳаш ба Ҳинд омада, то охири умр дар шаҳри Лоҳур зиндагӣ кардааст. Аз ин ҷост, ки дар баъзе маъхазҳо ӯро бо номи Котибии Лоҳурӣ низ ном бурдаанд. Дар дарбори ҳеч ҳукмрони давр хидмат накардааст. Намунаҳо аз ашъори ӯ тавассути тазкираҳо то замони мо расидаанд. Аз ашъори боқимондааш бармеояд, ки пайрави сабки ироқӣ будааст.

Байт аз ӯст:

Тарсам, ки кунад меҳнати ҳаҷри ту ҳалокам,
Ҷое, ки ту ҳаргиз набарӣ роҳ ба хокам.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]