Мавлоно Шамсуддин Муҳаммади Доъӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мавлоно Шамсуддин Муҳаммади Доъӣ

Мавлоно Шамсуддин Муҳаммади Доъӣ (?, Бадахшон — 1585) — шоир ва мутоибанависи форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Зодгоҳаш Бадахшон. Доъӣ дар «Маҷолису-н-нафоис»-и Навоӣ, «Ҳабибу-с-сияр»-и Хондмир, «Ҳафт иқлим»-и Амин Аҳмади Розӣ ва дигар тазкираҳо шоири номӣ ёд шудааст. Ҳамзамононаш ӯро дар мутоиба мумтоз донистаанд.

Намунае аз эҷодиёти ӯ:

Шукӯҳи ҳуснро кӯҳ аз гаронӣ барнамедорад,
Дар ин фикрам, ки чун дар хилвати оина ҷо кардӣ?

Чашмони ман ба рӯят дар ошиқӣ чунонанд,
К-аз рашк якдигарро дидан наметавонанд.

Аз мотамиёни мубталои ватанам
В-аз умр дукони ганҷи байтулҳазанам.
Дӣ мунзавии водии ғам Маҷнун буд,
Расвошудаи анҷуман имрӯз манам.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]