Матлубхон Давлатов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Матлубхон Давлатов
Таваллуд 17 январ 1950(1950-01-17) (74 сол)

Матлубхон Давлатов (17 январи 1950, ноҳияи Данғара, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон) — ходими давлатӣ, муовини аввали сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Матлубхон Давлатов 17 январи соли 1950 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Соли 1970 факултети иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намудааст. Номзади илми иқтисод. Солҳои 1972—1983 корманди хурди илмӣ, аспирант, корманди калони илмӣ, мудири сектори Донишкадаи иқтисодии Академияи илмҳои Тоҷикистон.

Корнома[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1983—1988 — котиби Партияи коммунистии Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон.

Солҳои 1988—1990 — корманди илмии Донишкадаи иқтисодии Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон.

Соли 1994 — раиси Кумитаи амволи давлатӣ.

Ҳамчунин, аз октябри соли 2001 ба ҳайси раиси комиссияи ҷумҳурӣ оид ба хусусигардонии амволи давлатӣ ва аз соли 2006 раиси Кумитаи давлатии назорати молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Аз 31 январи соли 2006 — мушовири давлатии Президент оид ба масъалаҳои иқтисодӣ.

Солҳои 2010-2012 — раиси Дастгоҳи иҷроияи Президент таъйин гардид.

Аз соли 2012 то 2013 — муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. [http://www.president.tj/node/5620 Дар бораи аз вазифаи муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Давлатов М.С.](тоҷ.). www.president.tj. 20 май 2024 санҷида шуд.