Нодирии Самарқандӣ
Нодирии Самарқандӣ (? — 1588) — шоир ва донишманди форс-тоҷик, падари Фаҳмии Самарқандӣ[1].
Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]
Нодирии Самарқандӣ аз донишмандон ва шоирони намоёни Самарқанд буда, дар мадҳу таърифи Низом ном шахсе бисёр шеър гуфтааст. Баъд аз носозгориҳои рӯзгор дилгир шуда, ба Ҳиндустон ҳиҷрат кард. Ба дарбори Ҳумоюн роҳ ёфт ва дар мадҳи ӯ қасидахо дорад. Мероси адабии Нодирии Самарқандӣ асосан аз қасида иборат аст.
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ مولانا نادری نادری سمرقندی. ویستا. 13 май 2024 санҷида шуд.
Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]
- Нодирии Самарқандӣ // Муҳит — Плеханов. — Д. : СИЭСТ, 1984. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 5).