Табъии Самарқандӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Табъии Самарқандӣ

Мирфаррух Табъии Самарқандӣ (? — 1582, Самарқанд) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар зодгоҳаш Самарқанд ба камол расидааст. Ба қавли тазкиранигор Мутрибӣ («Тазкирату-ш-шуаро») Табъии Самарқандӣ шоири закитабъ ва щампояи Абдурраҳмони Мушфиқӣ будааст. Байни Мушфикӣ ва Табъӣ робитаи дӯстию эҳтироми якдигарӣ будааст.

Абёти зерин намунаи шеъри ӯст:

Ба гул дар гулситон ҳар гаҳ ки уфтад чашми ман бе ӯ,
Намояд доғи хунини ба чашмам дар чаман бе ӯ.
Ҷудо з-он гул ба хар гулшан мани бедил чу бигзаштам,
Чу ғунча сохтам сад чок ҷайби пераҳан бе ӯ.
Куҷоӣ, эй аҷал, хоҳам, ки бистонӣ зи ман ҷонро,
Чӣ кор ояд маро ҷоне, ки бошад дар бадан бе ӯ.
Ба олам баъд аз ин дигар нахоҳам ҷон ба сар бурдан.
Чу мебинам басе душвор кори зистан бе ӯ.
Намебинам суханро хеч ранге бе рухаш, Табъӣ,
Ҳамон беҳтар ниҳам муҳри хамӯшӣ бар даҳан бе ӯ.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]