Фозилии Самарқандӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Фозилии Самарқандӣ
Навъи фаъолият: шоир

Муҳаммадфозил Фозилии Самарқандӣ (? — қарни XVI) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар нимаи дуюми асри 16 умр ба сар бурдааст. Тоҷир будааст. Пас аз сафари якчанд кишвар ба Самарқанд баргашта, ба хидмати яке аз ҳокимони давр дохил шуд. Дар шоирӣ тазкиранигор Мутрибиро устоди худ медонист ва аксар ашъорашро аз назари ӯ мегузаронид. Маснавие бо номи «Бону ва Эҳдо» (1500 байт) таълиф карда будааст. Аз осораш ғазалҳо ва абёти пароканда боқист.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Фозилии Самарқандӣ / У. Каримов // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).