Чӯпончой

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Чӯпончой
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Dianthus tetralepis

Чӯпончой, мухаллас (лот. Dianthus tetralepis) — гиёҳӣ худрӯи бисёрсолаест аз ҷинси мехак ва оилаи мехакиҳо.

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Пояаш рост, сершохча, 15—20 см қад мекашад. Баргаш дарозрӯя (дарозиаш 2—5 см, бараш 1—2 мм), гулаш гулобӣ, сафед ё арғувонӣ, дар нӯги поя ва шохча яктоӣ мешукуфад. Ғӯзааш кушодашавандаи сертухм, тухмаш майдаи сипаршакл, сиёҳ. Дар ҷойҳои санглох ва регу шағалдори нишебиҳои кӯҳу соҳили дарёҳҳо месабзад. Май — июнь мешуку фад. Фақат дар Помиру Олой ва Тиёншон мерӯяд. Дар республикаи мо дар қаторкӯҳҳои Қурама, Туркистои, Зарафшон, Ҳисор, Дарвоз ва ғ. (аз 600 то 2800 м аз с. б.) вомехӯрад. Гул, баргу пояи мухалласро ҳамчун чой (махсусан чӯпонҳо) дам карда менӯшанд. Решаи онро дар тибби халқӣ барои табобати заъфи дил, инчунин ҳангоми ғалаёни хун (гипертония) истифода мебаранд. Бехи чӯпончой моддаҳои сапонинӣ дорад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Чӯпончой / М. Хоҷиматов // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).