Ғаюрии Ҳисорӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ғаюрии Ҳисорӣ

Ғаюрии Ҳисорӣ (форсӣ: غیوری حصاری‎; ? — 1591) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар зодгоҳаш − Ҳисор хатту савод бароварда, илмҳои расмии замонашро дар Бухорову Самарқанд омӯхтааст. Баъди хатми таҳсил ба Кобул рафта, аз мулозимони ҳокими он ҷо − Одилшоҳи Кобулӣ (фавт 1585) гардид. Бино ба маълумоти Мутрибӣ (дар «Тазкирату-ш-шуаро» ва «Нусхаи зебои Ҷаҳонгир», Ғаюрии Ҳисорӣ марди зираку шуҷоъ ва шоири бағоят хушгӯ будааст. Баъди вафоти Одилшоҳи Кобулӣ ба мулозимати Акбар (ҳукмронӣ 1556−1605) рафта, дар яке аз муҳорибаҳо дар Ҳиндустон кушта шудааст. Ин ғазал аз ӯст:

Дар танам таби ҳиҷрат оташе чу шамъ афрӯхт,
Мурда-мурда хоҳам зист, зинда-зинда хоҳам сӯхт.
Ман ба водии ишқат он касам, ки Маҷнунро
Бояд омаду аз ман шеваи ҷунун омӯхт.
Дида-дида чашмонат сӯйи меҳри рухсорат,
Дида хира шуд, ҷоно, хирадидагӣ омӯхт.
Юсуфи ҷамолатро дида мисриён доданд
Нақди ҷон, азизи ман, моликаш вале нафрӯхт.
Гар, Ғаюриё, хоҳӣ нақди хештан пинҳон,
Аз сиришки мижгонат чоки сина бояд дӯхт.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]