Ғуриён

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ғуриён
Таърихи таъсис 1011
Кишвар
Пойтахт Фирӯзкӯҳ[d]
Навъи ҳукумат подшоҳии ворисӣ[d] ва султония[d]
Иваз шуд ба Салтанати Деҳлӣ
Таърихи фурӯпошӣ 1215
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ғуриён (форсӣ: سلسله غوریان‎) — сулолаи суннимазҳаби тоҷикасли Шинасбониён, ки аз замони зуҳур ва густариши ислом то арафаи ҳуҷуми муғул дар Хуросон, ҷануби Мовароуннаҳр ва шимоли Ҳиндустон ҳукумат доштанд ва давлате ки аз тарафи сулолаи Шинасбониён (Ғуриён) ташкил ёфта, солҳои 1149—1215 вуҷуд дошт.

Таърихи таъсис[вироиш | вироиши манбаъ]

Асосгузори хонадони Ғуриён Шинасб ибни Хурнак дар замони хилофати Алӣ ибни Абитолиб ба ислом гаравида буд. Мувофиқи маълумоти маъхазҳои таърихӣ аввалин амири аҳдиисломии Ғур — Фӯлоди Ғурӣ дар наҳзати Абумуслими Хуросонӣ ширкат намуда, барои ба сари қудрат омадани Аббосиён саҳм дошт. Ғуриён аз замони ҳукмронии Ҳорунаррашид расман ҳокими Ғур эътироф шуда, дар аҳди ҳукмронии Тоҳириён, Саффориён ва Сомониён хироҷгузори ин давлатҳо буданд.

Таърихи сиёсии давлати Ғуриёнро метавон ба ду давра ҷудо намуд:

  • давраи ҳукмронии амирони маҳаллии ғурӣ дар вилояти Ғур;
  • давраи ҳукмронии султонҳои ғурӣ, ки пас аз ташкили давлати мустақил ҳудуди ҷуғрофии васеъеро дар ихтиёр доштанд.

Муносибати Ғуриён бо Ғазнавиён[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар натиҷаи лашкаркашиҳои Маҳмуди Ғазнавӣ ба Ғур (1011, 1015) ва муқобилати тӯлонии Ғуриён Муҳаммади Сурӣ ба асорат афтода, ҳокимиятро писараш Абуалӣ ибни Муҳаммади Сурӣ соҳиб шуд. Дар давраи аморати Абуалӣ ибни Муҳаммади Сурӣ дар Ғуриён якчанд қалъа ва мадрасаи нав бунёд шуда, баъзе минтақаҳои Ғарҷистон ишғол гардиданд. Ахиран тибқи дастури Маҳмуди Ғазнавӣ писараш Масъуди Ғазнавӣ аз роҳи Ҳирот ба Ғур ҳуҷум карда (1021), бо дастгирии ҳокимони маҳаллӣ Абулҳасани Халаф ва Шервон минтақаро ишғол намуд. Тибқи музокираи сулҳ Абуалӣ ибни Муҳаммади Сурӣ минтақаи забткардаи Ғуриёнро дар Ғарҷистон бозпас дода, фармонбардори Ғазнавиён гардид. Ғазнавиён аз давраи таъсисёбии давлати Салҷуқиён дар шарқи Хуросон бо роҳи дахолат ба корҳои дохилии Ғуриён ва таъйини амирон нуфузашонро то давраи ҳукмронии Баҳромшоҳи Ғазнавӣ дар Ғуриён ҳифз карданд. Дар давраи ҳукмронии Баҳромшоҳ байни Ғазанавиён ва писарони амири Ғур — Иззуддини Ҳусайн (1110—1146) бар зидди Султон Санҷар аҳднома баста шуд. Нуфузи Ғуриён аз аҳди ҳукмронии Иззуддини Ҳусайн дар Ғур устувор гардид. Ҳафт писари ӯ дар навоҳии гуногуни Ғур ҳоким таъйин шуда, аз ҷумлаи онҳо султон Сайфуддини Сурӣ дар Остия ва султон Қутбуддин дар Фирӯзкӯҳ қалъаҳои бузург бино намуданд. Аз давраи ҳукмронии Сайфуддини Сурӣ ба баъд муносибатҳои Ғазнавиён бо амирони Ғур, аз ҷумла бо малик Қутбуддин беҳтар шуд. Малик Кутбуддин аз сабаби ихтилофи байни бародарон ба дарбори Ғазнавиён рафта, баъди чанде аз ҷониби Ғазнавиён кушта шуд (1141). Дар ҷавоб бародараш — Сайфуддини Сурӣ ба Ғазна лашкар кашида, баъди фирори Баҳромшоҳ ба Ҳиндустон бародараш — Баҳоуддини Сомро ҳокими Ғур таъйин намуд ва худ ба тахти Ғазнӣ нишаст. Ҳокимияти Сайфуддини Сурӣ дар Ғазнӣ дер давом накард: Баҳромшоҳ бо таҳрики салҷуқиён аз Ҳиндустон бо сипоҳи бузург ба Ғазнӣ лашкар кашида (1148), баъди қатли султон сари буридаашро ҳамчун рамзи фармонбардорӣ ба дарбори туркони салҷуқӣ фиристод. Лашкаркашии Баҳоуддини Сом ба муқобили Ғазнавиён низ бенатиҷа анҷом ёфта, дар роҳ ногаҳон вафот кард. Баъдан султон Алоуддин Ҳусайн (1150—1161) бо мақсади ситонидани хунбаҳои бародаронаш ш. Ғазнинро ишғол кард (1150) ва оташ зад, ки бад-ин восита дар таърих бо лақаби «Ҷаҳонсӯз» маъруф шуд.

Муносибат бо Салҷуқиён[вироиш | вироиши манбаъ]

Ғуриён дар давраи ҳукмронии Султон Санҷар хироҷгузори Салҷуқиён буданд. Рақобати байни Ғуриён ва Салҷуқиён аз давраи ишғоли ш. Ғазна (1150) ошкор шуда, баъди саркашии султон Алоуддин Ҳусайн аз пардохти хироҷ ба хазинаи Султон Санҷар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи байни ҷонибҳо оғоз гардид. Соли 1150 султон Алоуддин ба Ҳирот лашкар кашида, дар муҳорибаи Сегӯшаи ноб (дар наздикии Ҳирот) бо хиёнати дастаҳои туркии лашкараш аз Салҷуқиён шикаст хӯрд ва асир афтод. Вале дере нагузашта Султон Санҷар бо мақсади ҷалби Ғуриён ба муборизаи муштараки зидди ғузҳо султон Алоуддинро баъди ду соли асорат озод намуда, баъзе мулкҳои ӯро бозпас гардонид. Дар замони ҳукмронии Алоуддин минтақаҳои нави Бомиён, Тахористон, Ғарҷистон, Довар, Буст, Тулаку Ҳирот ба ҳудуди давлати Ғуриён ҳамроҳ шуда, ҳукумати Ғазнавиён дар минтақаи Панҷоб маҳдуд гардид.

Баъд аз марги Алоуддин Ҳусайн писари ӯ — Сайфуддин Муҳаммад (1161-63) ба сари қудрат омад, ки мисли падараш марди шуҷоъ ва ҳокими адолатпарвар буда, дар яке аз муҳорибаҳои зидди ғузҳо аз дасти сипаҳсолораш Абулаббоси Шиш кушта шуд. Дар давраи ҳукмронии Ғиёсуддин Муҳаммади Ғурӣ (1163—1203) давлатдории Ғуриён ба авҷи тараққиёт расид. Сипоҳи Ғуриён солҳои 70 асри 12 дар самти шимолу ғарби ҳудуди Ҳирот, Бушанг, Толиқон, Андхӯй, Маймана, Форёб, Панҷдеҳ, Марврӯд, Балх, Вахш ва навоҳии ҳамҷаворро ба давлати худ тобеъ намуд. Дар самти ҷанубу шарқ Ғуриён баъди пирӯзии Султон Ғиёсуддин бар ғузҳо ва дубора озод карда шудани ш. Ғазна. (1173) бо рақиби навашон — Хоразмшоҳиён рӯ ба рӯ шуданд.

Муносибат бо Хоразмшоҳиён[вироиш | вироиши манбаъ]

Муносибат бо Хоразмшоҳиён дар ибтидо бо вуҷуди баъзе масъалаҳои ихтилофӣ дар Хуросон муътадил буд. Аз ҷумла Султоншоҳ баъди шикаст аз бародараш Текеш муддати тӯлонӣ ба дарбори Ғиёсуддини Ғурӣ паноҳ бурда буд. Мувофиқи маълумоти маъхазҳои таърихӣ соли 1181 Амир Ҳумом — намояндаи Ғиёсудини Ғурӣ барои ҳалли баъзе масъалаҳои Хуросон ба дарбори султон Текеш сафар кард. Дар моҳи рамазони ҳамон сол сафорати ҷавобии султон Текеш бо сарварии Фахруддин ба дарбори Ғиёсуддини Ғурӣ фиристода шуд. Дар ду музокираи сиёсӣ мулоқоти роҳбарони олии сиёсии ҳар ду ҷониб барои ҳалли масъалаҳои ихтилофии Хуросон тарҳрезишуда доир нагардиданд. Султон Текеш фурсати музокиротро зиракона истифода бурд ва бо бародараш Султоншоҳ паймони сулҳ баста, қисме аз мулкҳои ихтилофии Хуросонро ба ӯ вогузор кард. Аз ин сабаб миёни бародараш ва Ғуриён оташи душаманӣ бархост. Ахиран байни Султоншоҳ ва Ғуриён дар назди Рӯдбори Марв муҳораба ба амал омад (1190), ки он бо ғалабаи Ғиёсуддини Ғурӣ анҷом ёфт. Султоншоҳ баъди огоҳӣ аз моҷарои бародараш бо узрхоҳӣ аз Ғуриён ва миёнравии Ғиёсуддини Ғурӣ дубора аз ҷониби Текеш ба ҳукумати Сарахсу Марв таъйин карда шуд. Ба қавли Ҷузҷонӣ, халифаҳои Аббосӣ бо фиристодани намоянда ва симу зар ба Фирӯзкӯҳ Ғиёсуддини Ғуриро ба муборизаи зидди Текеш таҳрик дода, дар сар задани ихтилофи байни Ғуриёну Хоразмшоҳиён нақши асосӣ доштанд. Мувофиқи маълумоти маъхазҳои таърихӣ, Ғиёсуддини Ғурӣ ба Текеш ҳушдор дода буд, ки дар мавриди даст накашиданаш аз таҳдиди халифа ба мулкҳои Хоразмшоҳиён ҳуҷум меорад. Аз ҷониби дигар ба амири Бомиён — Баҳоуддини Сом дастур дод, ки ба мулкҳои хуросонии Хоразмшоҳиён ҳуҷум кунад. Дар ҷавоб Текеш бо ёрии қарохитоиён ба мулкҳои марзии Ғуриён ҳуҷум кард. Баҳоуддини Сом бо ёрии дастаҳои ҳарбии ҳокими Толиқон Муҳаммад ибни Хурнак ва ҳокими Гурзивон Ҳусайн ибни Хармил неруҳои қарохитоиёнро дар соҳили д. Ому шикаст дода (1198), муваққатан пеши роҳи тохтутози Хоразмшоҳиёнро дар Хуросон гирифт. Баъди марги Текеш (1200) Ғуриён дар муборизаи тахтхоҳонаи намояндагони Хоразмшоҳиён — Муҳаммад Хоразмшоҳ ва Ҳиндухон дуввумиро пуштибонӣ карда, баъди ишғоли Сарахс, Абеварду Насо ҳукумати Марвро ба ӯ вогузоштанд.

Дар аҳди Ғиёсуддин Муҳаммад ҳудуди давлати Ғуриён дар Хуросон ва Мовароуннаҳр васеъ шуд. Ба қавли академик Бобоҷон Ғафуров, дар ин давра минтақаҳои ҷанубӣ ва шарқии Тоҷикистони кунунӣ — аз Вахш то Бадахшон тобеи давлати Ғуриён буданд. Дар ин давра давлати Ғуриён ба авҷи тараққиёт расид: марзи он дар ғарб то халиҷи Ҳурмуз, дар шарқ то Чин, дар шимол то Марв ва дар ҷануб то Ҳиндустони Марказӣ тӯл мекашид. Ба қавли Абдулҳай Ҳабибӣ, дар замони ҳукмронии султон Ғиёсуддин Муҳаммади Ғурӣ халифа Носируддин ба дарбори Ғуриён ду сафири худ — Ибни Рабеъ ва Ибни Хатибиро фиристода, расман ҳукумати Ғуриён бо сарварии Ғиёсуддин Муҳаммадро эътироф намуда буд. Дар замони султон Ғиёсуддин давлати Ғуриён аз се марказ идора мешуд: вилоятҳои Ғазнӣ, Кобул, Гардез, Нангарҳор ва музофотҳои ҳиндустонӣ аз тарафи султон Шиҳобуддини Ғурӣ бо марказаш — Ғазнӣ; вилоятҳои Бомиён, Тахористон, Бадахшон аз тарафи султон Фахруддин ва писаронаш аз Бомиён; Хуросон ва сарҳаддоти Мовароуннаҳр аз Фирӯзкӯҳ. Бо вуҷуди се маркази маъмурӣ пойтахти давлат — Фирӯзкӯҳ маркази асосӣ ва Ғиёсуддин Маҳмуд ҳукмрони тамоми салтанати Ғуриён буд. Дар ибтидои асри 13 Ғиёсуддин Муҳаммад Марв ва Нишопурро низ фатҳ намуд.

Аз давраи ҳукмронии Муҳаммад Хоразмшоҳ (1200-20) муносибат бо Хоразмшоҳиён шиддат ёфта, Ғуриён дар муддати кӯтоҳе ҳудуди Сарахс, Абевард, Насо ва Нишопурро аз даст доданд. Баъдан, Муҳаммад Хоразмшоҳ ду бор ба Ҳирот (1201, 1202) лашкар кашида, бо талафоти калон ақибнишинӣ намуд. Дар шароити мавҷуда барои ҳифзи мулкҳои хуросонӣ қисми зиёди сипоҳи Ғуриён бо сарварии Шиҳобуддини Ғурӣ аз Ҳинд ба Ғазна даъват шуд ва дар муҳорибаи назди Марв сипоҳи Муҳаммад Хоразмшоҳро шикаст дода, муддати чанде ш. Гурганҷро муҳосира кард (1204). Қисме аз сипоҳи Ғуриён баъди шикасти сипоҳи Турконхотун ба пойтахти Хоразмшоҳиён ворид шуд. Ғуриён баъди расидани қарохитоиён ва дастаҳои ҳарбии ҳокими Самарқанд — султон Усмон ба ёрии Муҳаммад Хоразмшоҳ аз ҳудуди Гурганҷ хориҷ гардиданд. Неруҳои ҳарбии Шиҳобуддини Ғурӣ зери таъқиб аввалан ба Балх ва баъдан ба Андхуд паноҳ бурда, бо миёнравии султон Усмон бо қарохитоиён сулҳ баста, ба кишвари худ баргаштанд. Соли 1205 байни ҷонибҳо аҳднома баста шуд, ки мувофиқи он ҳудуди Марв ба Хоразмшоҳиён дода шуд ва Шиҳобуддини Ғурӣ дар мавриди зарурӣ бояд бо сипоҳаш ба Муҳаммад Хоразмшоҳ ёрӣ мерасонид. Баъди вафоти Шиҳобуддини Ғурӣ (1206) ба зудӣ мулкҳои хуросонии Ғуриён тобеи Хоразмшоҳиён шуданд.

Ҳуҷуми Ғуриён ба Ҳинд[вироиш | вироиши манбаъ]

Барои идома додани лашкаркашӣ ба самти Ҳиндустон султон Шиҳобуддини Ғурӣ (1173—1206) Ғазнаро маркази ҳукумати худ қарор дода, солҳои 1175-76 минтақаҳои Учча ва Мултонро ишғол кард. Ҳуҷуми аввалини Ғуриён бо сарварии Шиҳобуддини Ғурӣ ба Гуҷарот (1178) ба нокомӣ анҷом ёфта, дар тохтутози дуввум ғуломи Шиҳобуддин — Қутбуддини Ойбек баъди шикаст додани Баҳими II (1196-97) бахше аз шимоли Ҳиндустонро ба ҳайати давлати Ғуриён ҳамроҳ кард. Ҳуҷуми аввалини Ғуриён ба Деҳлӣ ба нокомӣ анҷом ёфта, роҷа Притҳвираҷи III (ҳукмронӣ 1149-92) дар муҳорибаи якуми Тарайн (1191) Шиҳобуддини Ғуриро шикаст дод. Муҳорибаи дуввуми Тарайн (1192) бо шикасти Притҳвираҷи III анҷом ёфта, ш-ҳои Сомона, Куҳром, Ҳонсӣ ва Аҷмир ба ҳайати давлати Ғуриён ҳамроҳ гардиданд. То ибтидои асри 13 минтақаи васеъ — Гуҷарот, Пешовар, Лоҳур, водии д. Ганг ва қисмати дигари мулкҳои шимол ва марказии Ҳиндустон ба ҳайати давлати Ғуриён дохил карда шуданд. Ғуриён дар минтақаҳои забтгардида қалъаҳо бунёд намуда, дастаҳои низомии худро нигоҳ медоштанд. Дар ибтидои асри 13 аввалан Лоҳур ва баъдан Деҳлӣ қароргоҳи мулкҳои ҳиндустонии Ғуриён шуд.

Илм ва фарҳанг дар замони Ғуриён[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар баробари кишваркушоӣ Ғуриён ба рушди илму фарҳанг таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар шаҳрҳо ва мулкҳои ҷудогона мадраса, китобхона ва Ғуриён таъсис доданд. Бузургтарин мадраса дар шаҳристони Машҳад, дар болооби Мурғоб амал мекард. Дар мадрасаи Афшин дар Ғарҷистон олим ва мутафаккири намоён Садруддин Ҳайсам дарс медод. Дар паҳлуи масҷиди ҷомеи Ҳирот мадрасаи Ғиёсия фаъолият менамуд, ки мутафаккири бузург Фахруддини Розӣ аз ҷумлаи устодони он буд. Дар музофоти Сиистон мадрасаи Сари Ҳавз вуҷуд дошт, ки дар он аз саросари минтақа толибони илм гирд омада буданд. Салотини Ғурӣ дар Ҳиндустон низ мадрасаҳо бунёд намуда буданд, ки мадрасаи Фирӯзӣ дар Мултон ва мадрасаи Муиззӣ дар Деҳлӣ шуҳрати бештар доштанд. Ҳокимони Ғурӣ ба сохтмони китобхонаҳо низ аҳаммият медоданд: китобхонаҳои бузург дар Афшин, Ҳирот ва Фирӯзкӯҳ вуҷуд доштанд.

Салотини Ғурӣ ба дарбори худ олимони намоёни замонаро даъват намуда, онҳоро дастгирию парасторӣ менамуданд. Машҳуртарин донишмандону мутафаккирони замони Ғуриён Фахруддини Розӣ, Абубакри Ҳариқ, Абулҳасан Алӣ ибни Зайди Байҳақӣ, Айнуддин ибни Алии Китон, Аҳмад Майдонии Нишопурӣ, Алии Бохарзӣ, Муҳаммад ибни Мунаввари Майҳанаӣ, Абунасри Фароҳӣ, Муҳаммади Авфӣ, Фахруддин Муборакшоҳи Ғурӣ, Аҳмад Фариди Кофӣ, Азҳарии Ҳиравӣ, Хоҷа Муинуддини Чиштӣ, Ҷабалии Ғарҷистонӣ, Мавлоно Абулқосим, Абубакр Умари Тирмизӣ ва дигарон буданд.

Амир Аббос, ки дар илми нуҷум дониши мукаммал дошт, дар ноҳияи Мандеш дар ш. Санг бо ёрии дигар олимони нуҷумшинос қалъае бино намуда буд, ки 12 манора дошт ва ҳар манораи он ба як бурҷи осмонӣ мутобиқат дошт. Баъзе султонҳои Ғурӣ, аз ҷумла Алоуддин Ҳусайн, дар баробари ҷалби шоирону нависандагон худашон низ табъи шоирӣ доштанд. Намунаҳои ашъори ӯ дар «Табақоти Носирӣ» оварда шудааст. Ба қавли олими англис Перси Сайкс, Алоуддин Ҳусайн баробари вайрон кардани шаҳру кӯшкҳои душманонаш китобҳои нодирро бо қимати тило харидорӣ мекард. Хидмати салотини ғурӣ дар густариши ҳавзаи забони форсӣ дар Ҳиндустон хеле намоён аст. Дар натиҷаи ҷангҳои тӯлонии Ғуриён бо Салҷуқиён ва Хоразмшоҳиён қисми зиёди намояндагони илму фарҳанги Хуросон ба Ҳиндустон муҳоҷират карда, дар ҳавзаҳои илмӣ-адабии Учча, Лоҳур ва Деҳлӣ фаъолияти худро идома доданд. Маҳз дар давраи ҳукмронии Ғуриён аввалин асари мустақили таърихии форсизабони Ҳиндустон — «Тоҷу-л-маосир»-и Ҳасан Низоми Нишопурӣ таълиф ёфт (1206). Ба қавли Ҳасан Низоми Нишопурӣ, аз соли 1206 дар Лоҳур мазҳаби ҳанафӣ расмӣ эълон карда шуд. Аз давраи ҳукмронии Ғуриён осори меъмории масҷиди ҷомеи Ҳирот, Манори Ҷом, Мадрасаи Фирӯзӣ, қалъаи Сиёлкут, Қутбманори Деҳлӣ, масҷиди Аҷмир, масҷиди Қувватулислом боқӣ мондаанд. Дар ҳудуди Тоҷикистон якчанд намунаи сиккаҳои Ғуриён ёфт шудаанд. Аз ҷумла динорҳои Ғуриён аз ҳудуди ноҳияи Восеъ ёфт шудааст, ки дар рӯйи сикка баъди калимаи тавҳид «ал-хоқон ал-аъзам Абумузаффар Абубакр ибн …» ва дар пушташ дар зери номи малики Вахш «ас-султону-л-аъзам бақоу-д-дунё ва-д-дин Сом ибни Муҳаммад» навишта шудааст. Дар динорҳои дигар номи ду шахс — малики Вахш — Абубакр ва султон Сом ибни Муҳаммад зарб ёфтаанд.

Таназзули давлати Ғуриён[вироиш | вироиши манбаъ]

Баъд аз марги бародарон — султонҳо Ғиёсуддин (1203) ва Муиззуддин (1206) давраи таназзули давлатдории Ғуриён фаро расид. Солҳои 1206-16 барои ба даст даровардани тахти салтанат дар Фирӯзкӯҳ дар байни намояндагони хонадони Ғуриён мубориза оғоз шуд. Дар ин муддат панҷ султони ғурӣ ба воситаи якдигар сарнигун гардиданд. Аз зиддияти дохили султонони Ғуриён ғуломон — лашкаркашони турки Ғуриён истифода бурда, аз самти Ҳинд ба маркази дуввуми давлат ш. Ғазнӣ ҳамла оварда, харобиҳои зиёд мекарданд. Тадриҷан ҳокимияти давлатӣ дар музофотҳои гуногун ба дасти сарлашкарони турк гузашт: Юлдуз дар Ғазнаву Панҷоб, Носируддини Қабоча дар Синду Мултон, Қутбуддини Ойбек дар қисми дигари Панҷоб, Ғиёсуддини Халаҷӣ дар Лакҳнав, Ғурия дар Бомиён, малик Тоҷуддин дар Сиистон ва музофотҳои дигар. Охирин намояндаи сулола — Алоуддин Муҳаммад давлати заифгаштаи худро соли 1215 ба Хоразмшоҳиён таслим намуда, ба мавҷудияти салтанати Ғуриён хотима гузошт. Танҳо мулкҳои ҳиндустонии Ғуриён мустақил боқӣ монда, аз тарафи сулолаи Ғуломон идора мешуд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Ашрафян К. З. Делийский султанат. М., 1960;
  • Амиршоев Н. Қ. Историографияи таърихи Ғур // Материалы Респ. научно-теоретич. конф. молодых учёных и специалистов (обществ. науки). Д., 1985;
  • Буниятов З. М. Государство Хорезмшахов-Ануштегинидов. 1097—1231. М., 1986;
  • Амиршоев Н. Қ. Инъикоси таърихи Ғур ва Ғуриён дар сарчашмаҳои хаттии форсӣ // Ахбороти АФ РСС Тоҷикистон. Бахши шарқшиносӣ. № 3. Д., 1988;
  • Амиршоев Н. Қ. Давлати Куртҳои Ҳирот (1245—1381), Д., 1996;
  • Ғафуров Б. Ғ. Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим ва асрҳои миёна. Ҷ. 1. Д., 1999;
  • Давлатдории тоҷикон дар асрҳои IX—XIV. Д., 1999;
  • Рыжов К. В. Все монархи мира. Мусульманский Восток VII—XV вв. М., 2004;
  • Таърихи халқи тоҷик. Ҷ. 2. (Фасли панҷум). Хуҷанд, 2008;
  • Довудӣ Д. Сиккаҳои шоҳони Вахш // Мероси ниёгон, 2010, № 13;
  • История таджикского народа. Т. III. Д., 2013;
  • Амиршохи Н. Таджикское государство Гуридов // История таджикского народа. Т. 3. Д., 2013.