Қудсии Машҳадӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Қудсии Машҳадӣ
Таърихи таваллуд: 1577 ё 1582
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1646
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ

Ҳоҷӣ Муҳаммадҷон Қудсиии Машҳадӣ (форсӣ: حاجی محمّدجان قدسی مشهدی‎; 1577 ё 1582, Машҳад1646, Лоҳур) — шоир ва суханвари форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Донишҳои роиҷи замон, аз ҷумла, илми адабро дар зодгоҳаш омӯхт. Ибтидо ба пешаи баққолӣ рӯй овард, аз ин роҳ сарватманд гашт ва муддате кадхудои баққолони Машҳад буд. Солҳои ҷавонӣ ба зиёрати Макка рафт. Дар 50-солагӣ барои додани нусхае аз девонаш ба Ҳасанхони Шомлу — волии Ҳирот, ба ин шаҳр сафар ва дар ҳамин сафар писараш вафот кард. Роҷеъ ба сафари Ҳирот ва марги сӯзноки фарзандаш қасидаву таркиббандҳо сурудааст. Соли 1631 ҳамроҳи корвоне ба Ҳиндустон сафар кард ва ба қабули Шоҳҷаҳон омада, дар ҳузураш қасидае дар ситоиши ӯ хонд ва аз шоҳ 2000 рупия ҳамчун подош дарёфт намуд. Сипас ба ҳалқаи шоирони дарбор роҳ ёфта, ба мансабе расид ва боз чандин бори дигар аз шоҳ ба ҳар муносибат хилъату инъом гирифт. Соли 1632 дар сафари Кашмир мулозими Шоҳҷаҳон буд. Маснавии машҳур, вале нотамоми худ — «Васфи Кашмир»-ро (дар баҳри ҳазаҷи мусаддаси мақсур) дар ҳамин сафар сурудааст:

Хушо, Кашмиру хоки поки Кашмир,
Ки сар бар зад биҳишт аз хоки Кашмир.

Дар аксари тазкираҳо Қудсии Машҳадиро маликушшуарои Шоҳҷаҳон донистаанд, вале дар китоби «Таърихи тазкираҳои форсӣ» омадааст, ки ҳаргиз мансаби маликушшуароӣ ва рақибаи хонӣ наёфт, зеро пеш аз вуруди ӯ ба дарбори Ҳинд, Калими Кошонӣ ин мақомро соҳиб шуда буд. Қудсии Машҳадӣ аз Шоҳҷаҳон супориш гирифт, ки «Шоҳнома» бинависад, вале аҷал барои итмоми он фурсат надод ва Калими Кошонӣ онро ба итмом расонд. Ҳамчунин, нуктае, ки Калим шогирди ӯ буд, саҳеҳ нест ва манбаъҳои адабӣ онро таъйид накардаанд. Қудсии Машҳадӣ бештар ғазалу қасида месуруд, дар гуфтани маснавӣ низ шуҳрат дошт. Дар навиштани ғазал аз Бобофиғониву Толиби Омулӣ, Урфиву Назирӣ истиқбол кардааст ва чанд ғазал ҳам дар пайравӣ аз Саъдӣ сурудааст. Тавоноии ӯ дар қасида ва маснавӣ зиёд буд, аксари тазкиранависон устодии ӯро дар ин ду жанр васф кардаанд. Дар қасида гӯё беш аз Калим қудрат доштааст ва шеваи Анварӣ ва Хоқонию Урфиро пазируфт. Дар марсияҳои ӯ таъсири сухани Хоқонӣ дида мешавад.

Куллиёти осори Қудсии Машҳадӣ, ки аз он нусхаҳои фаровон боқӣ мондаанд, шомили чунин намунаҳои адабист:

  1. девони Қудсӣ, иборат аз қасоид, таркиббандҳо, тарҷеъбандҳо, ғазалҳо, матолеъ ва мутафарриқот, рубоиҳо ва маснавиҳо. Қасидаҳояш бештар дар мадҳи пешвоёни мазҳабӣ ва дар ситоиши Манучеҳрхони Бегларбегии Мушҳид, Ҳасанхони Шомлу ва Шоҳҷаҳон гуфта шудаанд;
  2. ду соқинома, яке дар ситоиши Имомризо ва дигаре дар пайравӣ аз Зуҳурии Туршезӣ суруда шудаанд;
  3. «Шоҳҷаҳоннома» ё «Зафарнома», ки нотамом мондааст ва ғ. аз ҷумлаи дигар осори ӯ ҳастанд.

Чанд нусхаи хаттии девони Қудсии Машҳадӣ (бо шумораҳои 347, 6727, 1028/3 ва 6678/2) дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Институти шарқшиносии АИ Узбекистон нигаҳдорӣ мешаванд. «Девони Қудсӣ» соли 1998 дар Машҳад чоп шуд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]