Аббоси Афсаҳзод

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аббоси Афсаҳзод
Шариф Боқиевич Муллоев
Аббоси Аълохон Афсаҳзод
Аббоси Аълохон Афсаҳзод
Таърихи таваллуд 5 май 1964(1964-05-05) (60 сол)
Зодгоҳ Душанбе
Кишвар Тоҷикистон
Фазои илмӣ филология,
Ҷойҳои кор Сарредаксияи илмии Энсиклопедияҳои советии тоҷик, Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон, Федератсияи байналмилалии Салиби сурх ва Ҳилоли аҳмар дар Тоҷикистон, КВД «Тоҷикаэронавигатсия» Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1986)
Маъруф ба
Ҷоизаҳо Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2004) Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2012)

Аббоси Аълохон Афсаҳзод олим рӯзноманигор, номзади илмҳои филологӣ, дотсент.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Аббоси Афсаҳзод 05.05.1964 дар ш.Душанбе, дар оилаи зиёӣ, олим, адабиётшинос-шарқшинос Аълохон Афсаҳзод ба дунё омадааст. Афсаҳзод А.А. хатмкардаи шуъбаи арабии факултаи забонҳои Шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1986).

  • Солҳои 1986-1992 — муҳаррири хурд, муҳаррири редаксияи адабиёт ва санъати Сарредаксияи илмии Энсиклопедияҳои советии тоҷик.
  • Солҳои 1994-1998 — Муаллими калон, дотсенти кафедраи адабиёт ва забонҳои хориҷии Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон.
  • Солҳои 1997-1998 — Рӯзноманигори пайвастаи намояндагии Федератсияи байналмилалии Салиби сурх ва Ҳилоли аҳмар дар Тоҷикистон.
  • Солҳои 1998-2010 — Муаллими калон, дотсент, мудири кафедраи назария ва амалияи рӯзноманигории Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон.
  • Солҳои 2005-2006 — Сармуҳаррири рӯзномаи «Ҳаёти солим».
  • Солҳои 2010-2011 — Директори маркази фарҳанг ва забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии лингвистии шаҳри Москва, намояндаи Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон дар ФР.
  • Аз соли 2011 - то ҳол — Дотсенти кафедраи матбуот ва PR-и Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон.
  • Ҳамзамон аз соли 2009 - то ҳол — Ёвари Директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия».


Афсаҳзод А.А. аз соли 2004 дотсенти кафедра ва солҳои 2008-2010 мудириятро бар дӯш дошта, солҳои 2010-2011 ба сифати Директори маркази фарҳанг ва забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии лингвистии шаҳри Маскав ифои вазифа намуд. Ҳамзамон, дар баробари таълиму тарбияи кадрҳои баландихтисоси миллӣ, Афсаҳзод А.А. маҳорати касбии худро сайқал дода, бевосита бо рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ ҳамкорӣ менамояд. Ӯ узви рӯзноманигорони пайвастаи Федератсияи байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, сармуҳаррири рӯзномаи «Ҳаёти солим» буд. Афсаҳзод А.А. аз соли 1991 узви Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон аст. Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2004) ва Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2012) мебошад.

Бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, арабӣ ва форсӣ озодона сӯҳбат мекунад ва менависад. Оиладор ва соҳиби 3 фарзанд аст.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

Афсаҳзод А. ба кори илмӣ низ мароқи калон зоҳир намуда, муаллифи се монография, китобу дастурҳои таълимӣ, луғатҳо, беш аз 150 мақолаи илмӣ ва илмиву оммавӣ, муҳаррир, муҳаррири масъул ва мураттиби чандин асарҳои адабӣ ва илмиву методӣ мебошад, ки дар ҷумҳурӣ ва берун аз он нашр гардидаанд. Мақолаҳои илмӣ ва публисистии ӯ беш аз 100 аст.

  • «Калила ва Димна»-Барзуӣ. Маърифат, №9-12. – Душанбе, 1997. – С. 18-21
  • Источники и мировое распространение персидских и арабской версии «Калилы и Димны». Монография. - Душанбе: Матбуот, 2009. - 128 с.
  • Вопросы журналистской этики в контексте национальных нравственных координат (на примере пехлевийской литературы). Монография. - Душанбе: РТСУ. 2024. -288 с.
  • Абусулаймони Абулфазл; Аъшо Абубасир; Абдии Абракуҳӣ; Асируддин Абдуллохи Авмонӣ; Абулхаён Мухаммади Андалусӣ; Аббос ибн Ахнаф; Абусаиди Гургонӣ; Ахгари Исфаҳонӣ; Адабиёти илмии оммавӣ; Ашхари Нишопурӣ; Абусахли Саълуки; Абдуррофеъи Хиравӣ; Абусуди Курдӣ; Абулашъаси Кумӣ; Абдулкосими Кумӣ; Абубакри Кухистони; Абулмаолии Исфаҳонӣ; Абулмаолии Шуштари; Аюби Шахрисабзи; Абусаид Хусайн; Бадеии Табрезӣ; Бахоуддин Карими Самаркандӣ; Бахоуддини Омулӣ; Бобо Шахидӣ; Бокиралихон ; Даъвидори Кумӣ ; Диъбили Хузоӣ  ; Домулло Абдулвосеъ ;Зарифии Табрезӣ ; Зехнии Наккош ; Зехнии Табрезӣ; Зотии Кумӣ ; Зулолии Хиравӣ; Зулфикори Шервонӣ ; Ибни Надим; Иброхими Конунӣ.Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ.1., Душанбе: ЭАСТ, 1988.
  • Ломеии Гургонӣ ; Мақсуди Наққош ; Назирии Машхадӣ. Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ.2., Душанбе: ЭАСТ, 1989.
  • Рози Замонои Наққош; Рустамалии Хиравӣ; Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 3., Душанбе: ЭАСТ, 2004.
  • Место воспитательно-образовательного процесса и мудрости в пехлевийских назиданиях. /Вестник Таджикского национального университета. Серия «Филология». – Душанбе: Издательский центр ТНУ, 2022. – №9. – С.80-89. ISSN: 2413-516Х
  • Место правдивости в пехлевийских андарзах /Вестник Таджикского национального университета. Серия «Филология». – Душанбе: Издательский центр ТНУ, 2022– №9 – С. 140-146. ISSN:2413-516Х
  • Пехлевийские назидания о дружбе и застольях /Вестник педагогического университета. – Душанбе: ТГПУ им. С.Айни, 2022. – Вып. 6-2 (101). – С. 199-203. ISSN: 2219-5408
  • Литературно-этическое наследие Озарбода Махраспандона./Вестник Таджикского национального университета. Серия «Филология». – Душанбе: Издательский центр ТНУ, 2024. – №1. С.276-281. ISSN:2413-516Х
  • Проблемы издания детско-юношеской периодики на примере республики в ССМИ РТ. /Вестник Таджикского национального университета. Серия «Филология». – Душанбе: Издательский центр ТНУ, 2024. – №1 – 2. С.136-146. ISSN:2413-516Х. ва диг.

Адабиёт доир ба Аббоси Афсаҳзод[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Российско-Таджикский (славянский) университет» (в одном томе). Энциклопедия./ Главный редактор М.С.Имомов. - Душанбе, 2011
  • Российско-Таджикский (Славянский) университет:вчера, сегодня, завтра. 1996-2016. – Душанбе, 2016.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]