Абдусамадбеки Ҳофиз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдусамадбеки Ҳофиз
Абдусамадбеки Ҳофиз
Таърихи таваллуд 1868
Зодгоҳ Бухоро
Таърихи даргузашт 1918(1918)
Пеша(ҳо) навозанда,овозхон

Абдусамадбеки Ҳофиз - ҳофиз, навозанда (танбӯр), хушнавис (настаълиқ) ва наққош (ҳалкору ороишгар).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Ибтидои ҳунарҳои бадеӣ (ҳаттотӣ, наққошӣ ва мусиқиро) аз падараш, ки шахси донишандӯхтаи Бухоро будааст, меомӯзад. Абдусамадбеки Ҳофиз ба шогирдии Қорӣ Каромати Дилкаш, Ҳомидхоҷаи Савтӣ дастёб шуда, сабк ва равияи иҷроии мусиқии мардумиро аз Усто Тӯлаю Усто Эргаши Fиждувонӣ меомӯзад. Абдусамадбеки Ҳофиз аз марвисароёни Бухорою Марв усулҳои хоси иҷроиро омӯхта, дар иҷрои шохаҳои мураккаби овозии «Шашмақом» («савт», «наср», «талқин») маҳорати баланди иҷроӣ доштааст. Шохаҳои «савт», «намуд», «талқин», «тарона»-ро бо таҷдиди иҷроӣ анҷом медодааст. Дар иҷрои «савт»-ҳо ҳампоя надошта, аҳли мусиқӣ ӯро «Абдусамади Савтӣ» ном мебурданд. Абдусамадбеки Ҳофиз дар иҷрои «Муҷулчаи Дугоҳ», «Дугоҳ», «Баёт», «Савти Сарвиноз», «Уфари Ороми ҷон», «Ироқи Бухоро», «Насруллоӣ», «Сақили Султон» ва ғ. истеъдоди нотакрори иҷроӣ ба харҷ додааст. Устодони мусиқӣ Домулло Ҳалим, Устод Шодӣ (Азиз) ва дигарон равиши иҷроии «савт», «намуд», «наср»-ро аз Абдусамадбеки Ҳофиз омӯхтаанд. Рубоиро некӯ мегуфтааст.[1]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ.1. - Душанбе,1988

Ҳамчунин нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. - Душанбе, 2009. - с. 15-16 ISBN 978-99947-49-13-3