Азим Иброҳим

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Азим Иброҳим
парчам
3 ноябри 2020-умин Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таваллуд 1 март 1962(1962-03-01)[1] (62 сол)
Ҳизб Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Ҷоизаҳо Ордени Шараф, унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон»

Азим Иброҳим  — ходими давлатӣ, муовини сарвазири Тоҷикистон (аз 2013 то 2020), вазири нақлиёти Тоҷикистон (аз 2020), Номзади илмҳои техникӣ.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Азим Иброҳим 1 марти соли 1962 дар ноҳияи Ҳамадонӣ таваллуд шудааст. Соли 1984 Донишкадаи политехникии Тошкентро бо ихтисоси муҳандиси маъдан-маркшейдер бо дипломи аъло хатм кардааст. Номзади илмҳои техникӣ, академики Академияи байналмиллалии ашёи минералӣ дар шаҳри Маскав.

Фаъолияти кориашро соли 1984 ба сифати таҷрибаомӯз-тадқиқотчӣ оғоз намуда, солҳои 1985—1988 аспирант, сипас то соли 1992 ҳамчун ассистенти кафедраи геодезия ва маркшейдерии Донишкадаи политехникии Тошканд фаъолият намудааст.

Солҳои 1992—1994 дар вазифаи муаллими калони кафедраи физикаи умумӣ ва тасвири муҳандисӣ, декани факултаи саноати сабуки Донишгоҳи технологии Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 1994—1995 дар мансаби муовини аввали раиси Кумитаи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Шӯрои вазирони ҷумҳурӣ фаъолият намудааст.

Солҳои 1995—2002 дар вазифаи муовини аввали раиси Кумитаи металлу сангҳои қиматбаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сипас муовини вазири саноати Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 2004—2005 раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе буд.

Аз соли 2005 то соли 2013 дар вазифаи Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 2013-2020 дар мансаби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Бо фармони президенти Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 2013 то 30 августи 2020 муовини сарвазири Тоҷикистон таъйин гардидааст.[2]


Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2020 Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 2020 бинобар таъсиси Ҳукумати нав Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Мукофот ва ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. https://www.oecd.org/eurasia-week/whos-who/Azim-Ibrohim-CV.pdf
  2. 2.0 2.1 Азим Иброҳим(тоҷ.). www.president.tj. 19 май 2024 санҷида шуд.